Мавлоно Мирфиндирискӣ

Таърих

Мавлоно Мирфиндирискӣ

Машоҳир ва номоварон

Дар “Энсиклопедияи Советии Тоҷик” дар муаррифии Мирфиндирискӣ, ба сурати хеле кӯтоҳ ва мухтасар омада: “Мавлоно Абулқосим ибни Абӯтолиб Мирҳусайнии Мирфендерескӣ (1562, Гургон-1640) — ҳаким, донишманд ва файласуфи форс-тоҷик. Ниёгони ӯ аз содоти бузурги Астаробод ва аз наводагони Мӯсои Козим буданд. Дар фалсафа пайрави ақидаҳои Ибни Сино буда, муддатҳо асарҳои ӯро дар ҳавзаи илмии Исфаҳон дарс додааст. Асарҳои зиёде таълиф намудааст, ки муҳимтарини онҳо “Рисолаи ҳаракат” ва “Рисолаи саноия” мебошанд. “Рисо­лаи саноия” масъалаҳои судури олам, пайдоиши табиат, модда, сурат, ҷисм ва ғайраро дарбар мегирад.”

Ҳол, дар зер, бо такя ба манобеъ, як каме бештар дар бораи ин донишманд менависам.

Мавлоно Сайид Абулқосим ибни Абӯтолиб Мирҳусайнии Финдирискӣ машҳур ба Мирфиндирискӣ (ҳудуди 942-1019 шамсӣ баробар бо 1563-1640 мелодӣ) — ҳаким, донишманд ва файласуфи асри сафавия аст. Ниёгони ӯ аз содоти бузурги Астаробод ва аз наводагони Мӯсои Козим буданд ва падарбузурги вай ба номи Мирсадруддин, дар рустои Ҷаъфарободи Номталу аз тавобеъи Финдириски Астаробод, соҳиби замин буд ва пас аз тоҷгузории шоҳ Аббоси 1, ба дарбори ӯ пайваст. Падараш, Мирзобек низ дар дастгоҳи шоҳ Аббос хидмат кардааст ва мавриди эҳтиром будааст.

Абулқосим муқаддамоти улумро дар Астаробод фаро гирифт, вале баъдан барои таҳсил ба Қазвин ва сипас Исфаҳон рафт ва назди аллома Чалабибеки Табрезӣ, ки аз шогирдони Афзалуддин Муҳаммад Туркаи Хуҷандӣ буд, ба таҳсили фалсафа ва улуми дигар пардохт.

Дар Исфаҳон “Шифо”-и Ибни Синоро тадрис мекард ва касоне монанди Оқо Ҳусайни Хонсорӣ ва Мулло Раҷабалии Табрезӣ, аз шогирдони ӯ буданд.

Аммо баъдан ба хотири ин ки муҳити фикрӣ ва илмии он рӯзгор бо руҳияи озодиталаб ва тақлиднопазири ӯ созгорӣ надошт, монанди устодаш Чалабибеки Табрезӣ ва бисёре дигар аз аҳли илм, озими Ҳиндустон — ки дорои муҳите озод ва ба дур аз таассуб буд — шуд.

Дар Ҳинд, зоҳиран, ағлаб бо оро ва ақоиди ҳиндувон ва браҳманон ҳам ошноӣ ёфт ва дар байни осори мансуб ба вай, рисолае ҳам ба ном “Шарҳи Йуг Босишт (Йога-Васиштха)” ҳаст, ки дар воқеъ ҳошияе бар тарҷумаи форсии ин асар ва ба ҳар ҳол ҳокӣ аз ин ошноӣ аст.

Ҳинд дар он замон барои аксари донишмандон ҷозибаи фавқулъода дошта, аз ин рӯ сафарҳои мутаъаддиди  Мирфиндирискӣ ба Ҳинд ва низ шоирон ва нависандаҳо аз Самарқанд, Исфаҳон ва Шероз, набояд амре ғайриоддӣ ва ба маънои тамоюли онҳо ба ақоид ва таъолими ҳиндувон талаққӣ гардад.

Мирфиндирискӣ аз муосирони Мирдомод, Баҳоуддини Омулӣ (шайх Баҳоӣ), Оқо Ҳусайни Хонсорӣ, Мулло Садро будааст ва чандин тан аз мударрисони ҳикмати он давра монанди Мулло Содиқи Ардистонӣ, Муҳаммадбоқири Сабзаворӣ, Оқо Ҳусайни Хонсорӣ, Мирзо Рафеъи Ноинӣ, шайх Раҷабалии Табрезӣ ва Мулло Садро, аз шогирдони Мирфиндирискӣ будаанд.

Ҳикоёте дар бораи тезҳушӣ, баландмартибагӣ ва бепарвоии ӯ дар посух гуфтан ба хурдагириҳои ҳокимону шоҳон нақл кардаанд, ки нишондиҳандаи диққати назар, нерӯи зеҳн, шуҷоати ахлоқӣ, ворастагӣ ва озодманишии ӯст.

Мирфиндирискӣ васият мекунад, ки дар мадрасаи маҳалли тадрисаш (Мадрасаи Мир) воқеъ дар Тахти фӯлоди Исфаҳон ба хок супурда шавад, ки ҳамакнун ба унвони “Такяи Мирфиндирискӣ” шинохта мешавад.

Осор

Аз Мирфиндирискӣ чанд рисолаи кӯтоҳ дар мавзӯъҳои илмӣ ва фалсафӣ, миқдори каме ҳошияҳо ва тавзеҳот бар тарҷумаи “Йуг Босишт (Йога-Васиштха)” ва бархе ашъор ва қитъаҳои манзум бар ҷой мондааст:

  1. Муҳимтарин асари Мирфиндирискӣ, рисолаи форсии маъруф ба “Саноия” аст. Ӯ дар ин рисола синоатро ба мафҳуме бисёр густарда ва ба маънии ҳар чиз, ки аз нерӯҳои ақлӣ ва кории одам ба зуҳур ва ҳусул пайвандад, гирифтааст.
  2. “Рисолатун фил-ҳарака”: навиштаи кӯтоҳе аст ба забони арабӣ дар 5 бахш дар таърифи ҳаракат ва гунаҳои он ва баёни он ки ҳар ҳаракате мӯҳтоҷи муҳаррике аст ва ҳаракот ба таври куллӣ бояд аз муҳаррике воҳид оғоз шаванд, ки муҳаррики аввал аст ва худ муҳаррике надорад.
  3. Рисола дар ташкик: номаест рисоламонанд, ки Мирфиндирискӣ дар посух ба пурсише, ки Оқо Музаффари Кошонӣ дар бораи масъалаи ташкик дар зотиёт аз ӯ карда буд, навиштааст. Мирфиндирискӣ дар ин нома ба шеваи Машшоиён сухан мегӯяд ва бар хилофи Ишроқиён, ки ба ташкик дар зотиёт қоиланд, ӯ зотиётро мақул ба ташкик намедонад.
  4. Рисола дар илми шимӣ ба форсӣ.
  5. Ҳошия бар “Йуг Босишт (Йога-Васиштха)”: матне, ки Мирфиндирискӣ бар он ҳошия навишта китобе аст дар ирфону ҳикмати ҳиндӣ, ки дар замони Акбаршоҳ ба форсӣ тарҷума шуд.

Ашъор

Мирфиндирискӣ бо он ки бештар ба таълими тариқаи ҳукамои машшоӣ иштиғол дошт, мисли Форобӣ ва Ибни Сино, ки вай махсусан бо осори онҳо сарукор дошт, аз тамоюлоти ирфонӣ холӣ набуда ва қасидаи маъруфи ӯ дар боби татбиқи олами илвӣ (боло) ва сифлӣ (пойин), аз баъзе ҷиҳот ёдовари орои навафлотунӣ ба назар мерасад. Ин қасида, ки теъдоде абёташ дар “Риёзул-орифин” ва “Маҷмаъус-сафҳо” ҳам омадааст, миқдоре аз он ба шарҳи зерин аст:

Чарх бо ин ахтарон нағзу хушу зебостӣ,

Сурате дар зер дорад он чи дар болостӣ.

Сурати зерин агар бо нардбони маърифат,

Барравад боло ҳамон бо асли худ яктостӣ.

Ин суханро дарнаёбад ҳеч фаҳми зоҳирӣ,

Гар Абӯнаср астиву гар Бӯалӣ Синостӣ.

* * *

Манобеъ:

Зиндагиномаи Мирфиндирискӣ

Мақолаи Мирфиндирискӣ, Халаҷ

Доиратулмаорифи бузурги исломӣ

* * *

Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фёдор Достоевский
Чаро ниёз ба давлат дорем?

Матолиби пурбоздид