Шӯрои амнияти СММ қатъномаи оташбас дар Ғаззаро тасвиб кард

Шӯрои амнияти СММ саранҷом қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро тасвиб кард

Ахбори байналмилал

Alalam

Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғазза саранҷом пас аз наздик ба 6 моҳ ҷанг дар Ғазза, асри имрӯз (душанбе, 25 март) дар Шӯрои амнияти Созмони Милал ба тасвиб расид, ки хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза дар моҳи Рамазон шудааст, то мунҷар ба оташбаси пойдор шавад.

Ба гузориши Алъолам, 14 узв аз 15 узви Шӯрои амнияти Созмони Милал ба қатъномаи ироашуда тавассути аъзои ғайридоими ин шӯро барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза раъйи мусбат доданд ва аз он ҳимоят карданд ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба унвони узви доими ин шӯро, раъйи мумтанеъ дод (на вето) ва ба ин тартиб қатъномаи барқарории оташбас дар Ғазза ба тасвиб расид.

Омрико пештар се қатъномаи оташбасро вето карда буд, аммо ин бор ба ин қатънома раъйи мумтанеъ дод ва ба ин тартиб ба далели адами мухолифати аъзои доими Шӯрои амният ва бидуни ҳеч мухолифате, ин қатънома ба тасвиб расид.

Ин қатъномаро 10 узви ғайри доими Шӯрои амният танзим карда буданд. Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ибтидои ин нишаст, ибтидо ба ёди ҷонбохтагони ҳодисаи теруристӣ дар Маскав як дақиқа сукут карданд.

Alalam

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нахустин аксуламали Натонёҳу ба қатъномаи оташбас
Арбакон: Эрдуғон тиҷорат бо Исроилро мутаваққиф кунад

Матолиби пурбоздид