Эй он ки сархуши маю ҷому таронаӣ

Адаб

Эй он ки сархуши маю ҷому таронаӣ

Адабиёти форсии тоҷикӣ

ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ

Эй он ки сархуши маю ҷому таронаӣ

Масрури бонги чангу асири чағонаӣ

Чун наварӯс ҷилвагаҳат ҳиҷлаи ғурур

Сарпанҷаат ба гесуи омол шонае

То кай чунин ба ҳастии мавҳум эътимод?

Чанд аз паи давоии нафсат равонаӣ?

Бардор сар зи ғафлату огаҳ зи хеш бош

К-ин ҷо ҳазор тири балоро нишонаӣ

Теғи қазо зи гардиши чарх аст дар фасон

Эй бехабар, ту масти фусуну фасонаӣ

Найранги машғалаи аблаҳон бувад

З-ин доҳа бигзарӣ, ту ҳакими замонаӣ

Корат бувад бузургу зи дунҳимматӣ, вале

Чун мурғакон ту дар талаби обу донаӣ

Ҳамсанги худ ҷавоҳири ин чорсу мадон

Донӣ, ки дурри мунтахаби нӯҳ хазонаӣ

Даврон сазад ба номи ту хатми сухан кунад

Эй Ҷавҳарӣ, аз он ки дар ин фан ягонаӣ.

ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳар ки ӯ огоҳтар…
Биҳишт зери пои Модарон аст

Матолиби пурбоздид