Арзиши бадеии осори Мирзо Турсунзода

Адаб

Арзиши бадеии осори Мирзо Турсунзода

Рустами Ваҳҳоб

(Адабиёт ва фарҳанги миллӣ – Душанбе: Адиб, 2011)

Бахши аввал

Арзиши бадеии осори устод Турсунзода як ҳақиқати ба субут расида аст, аммо тарҳи мавзуъ ба ин хотир аст, ки омилҳои арзиши волои ин осор бори дигар баршумурда шавад, то ба хотири бузургдошти мақоми ин устоди назми навини тоҷик бар нақши дурахшони ишон дар таҳаввули назми муосир таъкид гардад.

Дар ашъори устод Турсунзода таносуби чанд унсури шакл ва мундариҷа (муҳтаво) барои фароҳам омадани ҷавҳари баёни шоирона хидмат мекунад. Таносуби қолаб (жанри) назм бо куллиёти мавзуъ, таносуби системаи образҳо бо муҳити мавриди тасвир, таносуби таркибии вожаҳо ва сохтори наҳвии забони шеър бо фазо ва замони мавриди назар, таносуби шахсияти шоир бо «қаҳрамони лирикӣ», ки ғолибан дар ин ашъор идғом шудаанд, таносуби мусбат ва манфии ин қаҳрамон бо пешинаи таърихии худ ва дар ниҳоят таносуби бисёр озмудаи фазои зеҳнӣ ва завқии шоир ва мухотаби (хонандаи) ӯ.

Қабл аз он, ки ба ҷузъиёти мавзуъ бипардозем чанд нуктаи куллиро бояд ёдоварӣ кард:

– Устод Турсунзода мундариҷоти аслии мавзӯии назми муосири моро барои оянда таъйин кард, ки иборат аст аз ситоиши ҳувият ва асолати инсони мушаххас ва дар ин замина васфи ватани аслӣ (зодгоҳ) ва намодҳои дигари азизу муқаддаси он мисли модар, табиати ватан, бахусус кӯҳ ва рӯд, бузургони фарҳангу адаб, ойину русуми миллӣ ва унсурҳои хоси он дар матни арзишҳои умумибашарӣ.

– Осори манзуми устод Турсунзода, ки тақрибан аз тамоми анвоъ ва жанрҳои суннатӣ ва нисбатан нав фароҳам шудааст, раванди хеле табиӣ ва қонунманди таҳаввули шаклии назми тоҷикро то остонаи арӯзи нав ё худ шеъри нимоӣ дар худ таҷассум намудааст. Бахусус тозакориҳои устод Турсунзода дар таркиби мусамматот ва қолаби нави ба истилоҳ «чаҳорпора», омезиши таркибии қолабҳои шеърӣ, истифодаҳои хос аз радиф аз ин назар қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Агарчи баракс шоирони қабл аз устод Турсунзода чун Пайрав Сулаймонӣ ва устод Лоҳутӣ дар қолаби арӯзи нав шеър гуфтаанд, вале шеъри нави тоҷик аз нигоҳи таркиби забону баён ва фазои зеҳнӣ ба шеъри устод Турсунзода хеле наздик аст. Аз ҷумла манзумаи «Садои Осиё» ва достони «Ҳасани аробакаш», ки аввалӣ дар заминаи маснавӣ ва дуввумӣ дар қолаби чаҳорпора навишта шудаанд, раванди тадриҷии аз омезиши имконоти ин ду қолаб бавуҷуд омадани арузи нави тоҷикиро то ҷое дар худ мунъакис наму-даанд.

– Қимати зиндаи таърихии осори устод Турсунзода бар аризиши адабии он меафзояд. Ҳар шеъри Турсунзода як саҳифаи рангини адабии таърихи Тоҷикистон ва дунёи рӯзгори ӯст, ки бо ҳамин маъно шоир ва осораш ба таркиби талмеҳоти шоирона ворид шудаанд. Масалан, шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар васфи Душанбе менависад:

Туро Айнӣ сутуни ҷовидон шуд,

Туро дохундаҳо бунёд карданд.

Ҳасан ҳамроҳи Турсунзода Мирзо

Зи хишту аз сухан обод карданд.

– Омезиши имконоти назм ва наср, ки яке аз аслта-рин вижагиҳои таъйинкунандаи шеъри нав дар ҳамаи адабиётҳо ба шумор меояд ва аз ҷумла Нимо Юшиҷ бар он таъкид намудааст, дар осори Турсунзода ба вузӯҳ мушоҳида мешавад. Хусусан, дар достони ҳамосии «Ҳасани аробакаш», ки аз назари диққат ва назокати тасвир на танҳо насри маъмулӣ, балки ро-мани дорои таҳлили равонӣ (психологиро) ба ёд меорад. Шоир дар танзими муколамаҳои озод дар ин достон то ҳадде муваффақ аст, ки зеҳни хонанда девори назмро ламс намекунад, озод дар сарсари бандҳои достон ҳаракат мекунад. Дар айни ҳол ҳар банд чошнии хосе аз шеър дорад.

Масалан:

Рӯзи аввал Садаф намедонист,

Ки чи сон дарсро шурӯъ кунад.

Аз паси кӯҳи илм чун хуршед,

Ба сари деҳ чи сон тулуъ кунад…

– Вобаста ба мавриди пешин, нав кардани таркиби забони шеър бо омезиши мутаносиби унсурҳои классикӣ, забони зиндаи мардум ва фолклор ва унсурҳои байналмилалӣ. Аз назари таркиби наҳвӣ, ки дар шаклгирии поэтикаи шеъри Турсунзода бисёр муҳим аст, ҳар як шеър мисли як таҷрибаи хос аст ва гоҳо чунин ба назар мерасад, ки гӯё Турсунзода шеъреро маҳз ба хотири таҷриба кардан ва қонунӣ намудани яке аз таркибҳои забони зинда эҷод карда бошад.

– Ғанӣ сохтани фарҳанги шеъри тоҷик бо теъдоди пуршумори калимаҳо, мафҳумҳо, образҳо ва асотир аз адабиёти ҷаҳон. Хусусан, адабиёти навишторӣ ва гуфтории Осиё ва Шарқ. Адабиётшинос Шарафбону Пӯлодова дар як мақолаи худ дар ин хусус чунин маълумот медиҳад: «Ҳиндшиноси маъруфи рус Л.В. Шапошникова, ки солҳои зиёд дар Ҳиндустон кор ва зиндагӣ карда, роҷеъ ба таърих ва этнографияи он як силсила китобҳои ҷолиб таълиф намудааст, боре ҳамсафари камина дар ин мамлакат буд. Ҳангоми суҳбат ӯ роҷеъ ба ашъори ҳиндустонии Мирзо Турсунзода сухан ронда гуфта буд: «Барои мо-донишҷӯёни онвақта силсилаи ашъори «Қиссаи Ҳиндустон» на фақат асари бадеӣ, балки сарчашмаи боэътимоди маълумоти тоза оид ба Ҳиндустони муосир буд»».

– Густариши пурвусъати ҷуғрофиёи зеҳнӣ ва маънавии шеъри тоҷик. Ҳамзамон дубора ҷаҳонӣ кардани шеъри форсии тоҷикӣ ва дар муколамаи ҷаҳонӣ аз раҳгузори шеъри худ бар сари масоили рӯз ворид кардани бузургони адаби форсии тоҷикӣ. Дар тавзеҳи ин манзур бояд гуфт, ки тақрибан дар ҳамаи ашъори дар мавзуъҳои байналмиллалӣ сурудаи шоир ҳатман аз суханони бузургони адаби форсии тоҷикӣ бамавқеъ ёдоварӣ ва истифодаи бисёр муносибу муассир мешавад.

– Эҷоди ангеза дар густариши дубораи адабиёти форсизабон (бахусус адабиёти муосири форсизабон) дар яке аз маҳдҳои қадими ин адабиёт, яъне Ҳиндустон. Ба гуфти устод Муъмин Қаноат дар ин хусус мегӯяд: «Ин замоне буд, ки ҳануз дар қораи Ҳинд забони форсӣ зинда буд ва маҳфилҳои шеъри форсӣ гардон. Ин ҳам як омиле аст, ки боиси чунин самимӣ баромадани ин силсилаи шеърҳои устод Турсунзода шудааст. Устод Турсунзода дар маҳфилҳо ва маҷлисҳое дар Ҳиндустон шеъри худро ба форсӣ мехонданд ва ин чиз боиси болидани табъу илҳомашон мегашт, хушашон меомад».

– Эҳёи вусъат ва жарфои фалсафии образҳо ва таъбирҳои шоирона. Адабиёти суннатии тоҷик ҳамеша бахши фаъоли тафаккури фалсафӣ буд, ва образҳои машҳур ва таъбирҳои маъмулии шоиронаи он камтар маҳдуд ба як мавриди зимнӣ ва гузаро мегардид, балки онҳо қаринаи адабии категорияҳои фалсафӣ буданд. Дар шеъри Турсунзода аз паймона ва мизони категорияҳои фалсафӣ назар кардан ба мафҳумҳое чун замон ва макон ва фазо (вақт, осмон, замин) ва ғайра ба сароҳат мушоҳида мешавад.

– Ба воситаи ҳифзи тамому камоли вижагиҳои милии шеър ба субут расондани ин ҳақиқат, ки миллият монеъ ва маҳдудкунандаи интишори адабиёт дар вусъати ҷаҳонӣ нест, балки баракс ба ин амр мусоидат ҳам мекунад. Устод Турсунзода бо он ҳама вусъати ҷаҳонии мавзуъи ашъораш, ҳаргиз аз хурдтарин унсури ойин ва суннатҳои миллӣ қатъи назар намекард, балки намаки шеъри худро маҳз аз ин ҷо мегирифт. Масалан:

Гар намедӯшид модар шири худ дар чашми мо,

Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

Бубинед, аз ин суннати мардумӣ, ки модари тоҷик қатраи шири худро дар чашми тифли навзод чун давои биноӣ мечаконад, чи фарзи пурмаънои шоирона эҷод шудааст.

– Пас аз сукути муваққат дубора эҳё намудани ормони (ё идеяи ё мавзӯъи) озодӣ ва тараққии Шарқи мазлум, ки дар ду садаи охир мавзӯъи меҳварии адабиёти пойдории форсизабон, аз ҷумла адабиёти тоҷик буд, ки дар осори устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ ва Иқболи Лоҳурӣ ин мавзӯъ дурахши хос дорад. Ҳанӯз дар достони «Чароғи абадӣ», ки ба навъе баёни меросбарии маънавӣ ва адабии Мирзо Турсунзода аз устод Айнӣ мебошад, шоир маҳз аз дари ҳамин мавзуъ вориди баҳс мешавад ва устод Айниро васии масоили Осиё ва Шарқ муаррифӣ мекунад:

Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,

Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам.

Чу Айнӣ Шарқ асиру бенаво буд,

Ба зери чоҳи зиндон Осиё буд.

Кунун Шарқи куҳан бедор гаштаст.

Ба озодипарастон ёр гаштаст.

Бисёре аз қитъаҳои осори ҳиндустонии устод Турсунзода имрӯз ҳам чандон наву ҷолиби таваҷҷуҳ ба назар мерасанд, ким гӯё ҳамин соат гуфта шудаанд:

Дар забон орад араб шодона Аттаҳрирро,

Нек бинад чеҳраи ояндаи тақдирро.

(«Садои Осиё»)

Ҳиндӣ аз дасти мусулмон дар азоб,

Худ мусулмон аст бо ҳоли хароб…

Як ҳавову як замин як обро,

Як макон, як ҷойи хурду хобро,

Як ғаму андӯҳро, як дардро,

Як садои дил, як оҳи сардро

Ғайри бевиҷдон ба ду тақсим кард,

Мамлакатро ҷойи хавфу бим кард.

(«Духтари муқаддас»)

Хасм хоҳад замини Афғонро,

Ба саломат намебарад ҷонро.

Кишвари дӯстдори истиқлол,

Нагузорад касаш кунад помол.

Ҳар як афғон далер сарбоз аст,

Дар масофи шадид мумтоз аст.

(«Аз Ганг то Кремл»)…

Идома дорад…

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Рустами Ваҳҳоб)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Панде аз Суқрот
Ҳаёт – амри маънавист – II

Матолиби пурбоздид