Эрдуғон: Аз шаҳодати Раҳбари муаззам мутаассир шудам
Ахбори байналмилал
Раҷаб Таййиб Эрдуғон:
“Ман аз шаҳодати раҳбари муаззам Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, дар натиҷаи ҳамалоти дирӯз мутаассир шудам.
Аз Худованди Мутаол барои ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ талаби раҳмат мекунам ва ба миллати бародари Эрон таслият мегӯям; аз тарафи кишвар ва миллатам таслият мегӯям.
Мо ба унвони Туркия, қотеона ба талошҳои худ идома хоҳем дод, то итминон ҳосил кунем, ки мардуми Эрон, ба ҳамроҳи ҳамаи дӯстону бародаронамон дар минтақа, сулҳу суботеро, ки шоистаи он ҳастанд бозёбанд, даргирӣ дар минтақаи мо поён ёбад ва диплумосӣ бозгардад.”
Қаламонлайн













