Эрдуғон: “Ҳар лаҳза мумкин аст аз Башшор Асад даъват кунем”
Ахбори байналмилал
Reuters
Раиси ҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, имрӯз (якшанбе) паёми ҷадиде барои азсаргирии равобит бо Димишқ ирсол кард ва аз даъвати қарибулвуқӯъ аз Башшор Асад барои сафар ба Туркия хабар дод.
Ба гузориши Reuters, Раҷаб Тайиб Эрдуғон тасреҳ кард, ки “даъватамон (аз Башшор Асад)-ро анҷом хоҳем дод. Ин даъват мумкин аст дар ҳар лаҳзае сурат гирад. Умедворем равобити Туркия ва Сурияро ба он чи дар гузашта буд бозгардонем”.
Қаламонлайн