Эрон аз сатҳи омодагии худ барои рӯёрӯӣ бо Исроил хабар дод

Эрон аз сатҳи омодагии худ барои рӯёрӯӣ бо Исроил хабар дод

Муовини раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард: Мо барои ҳар гуна сенария омодаем, аммо умедворем ҷанг рух надиҳад

Теҳрон. Ба гузориши пойгоҳи хабарии Тобнок, Муҳаммадҷаъфари Қоимипаноҳ, муовини раиси ҷумҳури Эрон, аз сатҳи омодагии ин кишвар барои муқобила бо ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии Исроил хабар дод ва ҳамзамон ибрози умедворӣ кард, ки кор ба даргирии низомӣ накашад.

Қоимипаноҳ дар изҳороти худ таъкид кардааст, ки ниҳодҳои дифоӣ ва амниятии Эрон барои ҳифзи амният ва манфиатҳои миллӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ба гуфтаи ӯ, ин омодагӣ бо ҳадафи боздорандагӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна таҷовуз сурат гирифтааст.

Муовини раиси ҷумҳури Эрон дар айни ҳол афзуд, ки Теҳрон хостори оғози ҷанг нест ва умедвор аст, ки бо хештандорӣ ва идора шудани танишҳо, аз вуқуи як даргирии фарогир дар минтақа ҷилавгирӣ шавад.

Ин изҳорот дар шароите садо медиҳад, ки танишҳои сиёсӣ ва амниятӣ миёни Эрон ва Исроил дар моҳҳои ахир афзоиш ёфта ва нигарониҳо дар бораи паёмадҳои ҳар гуна бархӯрди мустақим дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бештар шудаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин изҳорот бештар паёми боздоранда дорад, аммо идомаи танишҳо метавонад фазои минтақаиро ҳамчунонҳассос нигаҳ дорад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дуздии неруи барқ-2
Эҳтимоли ҷангу даргирӣ бо Исроил

Матолиби пурбоздид