Эрон чӣ гуна ба Исроил ҳамла хоҳад кард?
Теҳрон эҳтимолан нуқтаи заъфи Исроилро, ки мунҷар ба заволаш мешавад пайдо кардааст
Таҳлиле дар нашрияи омрикоии National Interest
Гумоназаниҳо дар мавриди ин ки Эрон ё гурӯҳҳои ниёбатии он ба унвони интиқоми терурҳои ахир яъне Исмоил Ҳаниа, раҳбари Ҳамос ва Фуод Шукр, фармондеҳи Ҳизбуллоҳ, ба куҷо ҳамла хоҳанд кард, шиддат гирифтааст. Алорағми он ки сенарияҳои мутааддиде дар ҳоли баҳс ҳастанд, ҳама дар ҳадди гумоназанӣ боқӣ мондаанд. Бо ин вуҷуд, як эҳтимоли хос шоистаи баррасӣ аст.
Ин бор алоқаи Эрон ба зарба задан ба Исроил сирфан бо ҳадафи намоиши қудрат нест, балки ҳадафи муҳимтар эъмоли қудрат ва таҳмили дард ва хасорати қобили таваҷҷӯҳ ба исроилиҳост.
Беҳтарин сенария барои Эрон, ҳамлаеро металабад, ки як вокуниши занҷираӣ эҷод мекунад, ки Исроилро ба худ машғул месозад, то натавонад як зидди ҳамлаи фаврӣ ё муассир анҷом диҳад.
Як ҳадафи мушаххас, метавонад навори борик байни каронаи Бохтарӣ ва Ғазза бошад. Ин қаламрави исроилӣ, ки тақрибан 1.6 километр тӯл дорад, ҳудуди 2.7 миллион араб дар каронаи Бохтариро аз ҳудуди 1.8 миллион араб дар Ғазза ҷудо месозад. Исроилиҳо пойгоҳҳои низомии мутаъаддиде дар он минтақа доранд, то аз ҳифозат ва контроли худ итминон ҳосил кунанд.
Эрон, бо анҷоми як ҳамла метавонад ба он пойгоҳҳои низомӣ осеб бирасонад ба ин умед, ки хашми эҷодшуда дар каронаи Бохтарӣ тайи 8 моҳи гузашта мунҷар ба шӯриш алайҳи исроилиҳо шавад. Яке аз шохисҳое, ки нишон медиҳад Эрон мумкин аст он минтақаро ҳадаф қарор диҳад он аст, ки дар феҳристи аҳдофи мунташиршуда тавассути расонаҳои эронӣ, 4 пойгоҳи низомӣ аз 7 пойгоҳи низомии мавриди ҳадаф, дар он навор қарор доранд.
Эрон ҳамчунин рӯйи ин эҳтимол ҳисоб боз карда, ки хашм дар каронаи Бохтарӣ ҳамроҳ бо даргириҳои ҷорӣ дар Ғазза ва танишҳо бо Ҳизбуллоҳ дар шимоли Исроил, ба вазъияти ғайриқобили контрол барои исроилиҳо табдил хоҳад шуд.
Дар чунин бистаре, Эрон мумкин аст он навори борикро нуқтаи заъфи Исроил қаламдод карда бошад.
Эрон бо эъмоли фишори низомӣ бар он минтақа, мумкин аст умедвор бошад, ки даричае барои шибҳинизомиёни Ҳамос дар Ғазза ва ҷиноҳҳое дар каронаи Бохтарӣ эҷод кунад, то битавонанд бо якдигар иртибот барқарор кунанд ё ҳадди ақал мушкилоти бештареро барои артиши Исроил эҷод кунад. Ҳамлае монанди ин метавонад ҳамлу нақл ва иртибототи заминӣ байни шимол ва ҷануби Исроилро ба хатар биандозад ва монеъҳои бузургеро барои Исроил эҷод кунад.
Дар чунин сенарияе, гоми баъдии Эрон метавонад он бошад, ки ҳарҷу марҷи ҳосилшуда дар пайи онро ба Ҳизбуллоҳ бисупорад ва Исроилро дар ишғоли худ нигаҳ дорад, дар ҳоле, ки Эрон аз ин тараф ба дунболи оғози музокирот шавад.
Бо ин вуҷуд, мушкиле, ки ҳанӯз Эрон бо он мувоҷеҳ аст ин нукта мебошад, ки ҳеч тазмине вуҷуд надорад, ки дар чунин сенарияе байни Иёлоти Муттаҳида ва Исроил тақсими кор сурат нагирад.
Дар чунин тақсими коре, Исроил бо нооромиҳои каронаи Бохтарӣ, Ғазза ва қаламрави худ муқобила мекунад, дар ҳоле, ки Омрико ба таври мустақим бо Эрон муқобила хоҳад кард.
Чунин вазъияте чолиши муҳим барои Эрон бавежа бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи пеши рӯйи Омрико хоҳад буд. Адами посух ё посухи заъиф дар ҳифозат аз муттаҳиди аслии Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна метавонад барои Ҳизби демукрот ва Камала Ҳаррис, номзади интихоботи он гарон тамом шавад.
Роҳи ҳалли Эрон барои чунин сенарияе метавонад озод кардани дасти нерӯҳои ниёбатиаш барои ҳамла ба нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ, Сурия ва Ӯрдун бошад.
Ва вақте сӯҳбат аз ҳамла ба нерӯҳои омрикоӣ ба миён меояд, нерӯҳои ниёбатии Эрон дар Сурия мумкин аст ба унвони бозигарони калидӣ зоҳир шаванд, зеро нерӯҳои омрикоӣ дар Танаф дар устони Ҳимси Сурия бисёр осебпазиртар аз нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, Ансоруллоҳ метавонанд ба ҳамалоти худ алайҳи Исроил ҳамла ба бандари Илот ва ташдиди эҷоди ихтилол барои ҳамлу нақли дарёӣ дар баҳри Сурх идома диҳанд ва боиси афзоиши ҳазинаҳои киштиронӣ ва эъмоли фишори молӣ бар Ғарб шавад.
Дар ҳоле, ки ҳамаи ин иқдомот метавонад бар Иёлоти Муттаҳида ва Исроил фишор ворид кунад, аммо истифода аз нерӯҳои ниёбатӣ ҳанӯз мушкили аслии Эронро ҳал намекунад: адами тавозуни қудрат миёни худ аз як тараф ва Исроил ва Омрико аз тарафи дигар.
Дар чунин вазъияте, Эрон бояд боэҳтиёт рафтор кунад, чаро ки ҳар гуна истифодаи бепарво аз нерӯҳои ниёбатӣ метавонад мунҷар ба вокуниши шадиде шавад, ки шабакаи нерӯҳои ниёбатӣ, ки Эрон чаҳор даҳа вақт сарфи эҷоди он кардаро ба хатар хоҳад андохт.
Ин на танҳо ба Эрон, балки ба шарикони байналмилалии аслии он кишвар яъне Чин ва Русия низ осеб мерасонад.
Идомаи даргирӣ дар баҳри Сурх ҳазинаи тиҷоратро барои Чин афзоиш медиҳад. Чин пештар гилояи худ нисбат ба ин мавзӯъро ба иттилоъи Эрон расондааст. Илова бар ин, истифода аз нерӯҳои ниёбатӣ дар Сурия, метавонад боиси ҳамлаи бузург алайҳи ҳукумати Асад шуда ва талошҳо ва дастовардҳои Русия дар Сурияро ба хатар биандозад. Ин мавзӯъ мумкин аст яке аз далоили сафари ногаҳонии ахири Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ба Теҳрон буда бошад.
National Interest
Қаламонлайн