Эъломи ҳамбастагии Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо мардуми Яман

Эъломи ҳамбастагии Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо мардуми Яман
Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо мардуми Яман эъломи ҳамбастагӣ кард
Ахбори байналмилал
Аalmayadeen
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин зимни эъломи ҳамбастагии комили худ бо мардуми Яман, аз фарзандони уммати ислом ва ҷаҳони араб хост, то бо ҳамаи абзорҳо ва васоили мумкин, дар баробари таҷовузоти Омрико зидди Яман биистанд.
Ба гузориши иелевизиони Алмаёдин, ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин таъкид кард: “Бо мардуми Яман эъломи ҳамбастагӣ мекунем.”
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ бо судур баёнияе, таҷовузот ва ҳамлаи ваҳшиёнаи омрикоӣ ба нерӯҳои яманиро маҳкум кард ва афзуд: “Ин ҳамлаи ваҳшиёна баёнгари ин аст, ки давлати Омрико ҷангҳои минтақаро мудирият мекунад ва масъулияти комили ҷиноятҳо ва куштори ҷамъӣ дар минтақа ба ӯҳдаи Омрикост.”
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ ҳамчунин идома дод: “Давлати Омрико бо ин таҷовуз, дар ҳимоят аз Исроил ба самти амалиёти низомӣ кашида шудааст ва ҳадаф аз ин таҷовузот муҷозоти миллати Яман ба далел мавозеъе аст, ки зидди муҳосираи навори Ғазза иттихоз мекунанд.”
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ҳамчунин зимни эъломи ҳамбастагии комили худ бо мардуми Яман, аз фарзандони уммати ислом ва ҷаҳони араб хост, то бо ҳамаи абзорҳо ва васоили мумкин, дар баробари таҷовузоти Омрико зидди Яман биистанд.
Гуфтанист, дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои теруристи омрикоӣ ба се фарванд қоиқи артиши Яман дар баҳри Сурх, 10 тан аз нерӯҳои артиши Яман ба шаҳодат расиданд.
Аlmayadeen
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Конфронси Санъо дар ҳимоят аз Ғазза
Мушакборони Тел-Авив тавассути гурдонҳои Қассом

Матолиби пурбоздид