Истифодаи Исроил аз бомби фосфорӣ

Истифодаи Исроил аз бомби фосфорӣ
Бомби форсфорӣ
Артиши Исроил имшаб (2 декабр) дар Ҷинин (дар карони Бохтарии Фаластин) аз бомбҳои фосфорӣ истифода кард, албатта ин барои бори аввал дар ин ҷанг нест, ду се ҳафта пеш низ дар Ғазза ва дар ҷануби Лубнон аз он истифода карда буд.
Истифода аз ин силоҳ, бар асоси Паймони Женев (Женевские конвенции) шадидан мамнӯъ аст ва тибқи ҳамин паймон, агар кишвар ва ё ҷиҳате аз он истифода кунад, бояд дар додгоҳи байналмилалӣ (Гаага) муҳокама ва муҷозот бишавад. Яъне, ин силоҳ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ ба шумор омада ва қонунан истифода аз он мамнӯъ аст.
Агар ин силоҳро як кишвари аз назари Омрико ва Иттиҳодияи Урупо “нописанд” истифода кунад ва ҳатто на ин ки истифода кунад, балки эҳтимоли истифодаи он биравад, падарашро ба қавли маъруф дармеоваранд. СММ ҷаласа ташкил медиҳад ва қарор қабул мекунад мабнӣ бар таҳоҷум ба он кишвар, чунон ки яке аз иллатҳои таҳоҷум ба Ироқ, эҳтимоли вуҷуди силоҳи куштори ҷамъӣ дар он буд, ки мунҷар ба кушта шудани миллионҳо одамони бегуноҳ шуд ва тоза, баъдан якчунин силоҳеро Омрико дар Ироқ пайдо накард.
Хуб, ҳоло “эҳтимоли истифода” ва “шояд истифода кунад” ва ин ҷур чизҳо матраҳ нест, балки аланан ва ошкоро режими Исроил аз он истифода мекунад ва аҳаде “лом” намегӯяд ва барои ин кишвари ҷаълии эркахунук бештари кишварҳо – аз Омрико бигир то кишварҳои урупоӣ – “чароғи сабз” нишон додаанд, ки ту ҳар чи дили нороҳтат мехоҳад, бо фаластиниҳо бикун ва касе чизе ба ту намегӯяд!
Ин аст воқеияти режими кӯдаккуши “Исроил” ва воқеияти ин кишварҳои ба истилоҳ мутамаддин! Чеҳраи воқеии инҳо имрӯзҳо беш аз дигар замон ошкор шудааст. Чӣ қадр мунофиқ ва дурӯя ҳастанд!
Аламовараш ин аст, ки то дирӯз бештари мардуми ранҷдидаи ҷаҳони ба истилоҳ севвум, ки аз дасти диктотурҳо ба ин кишварҳо – ва бештар ба Урупо – паноҳ овардаанд, ба “алолат”-и ин кишварҳо бовар доштанд; бовар доштанд, ки давлатҳои ин кишварҳо ба додашон мерасанд. Ғофил аз ин ки ҳаромлуқматар аз давлатмардони ин кишварҳо вуҷуд надошта будааст!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати ду эронӣ дар ҳамалоти Исроил ба пойгоҳи низомии Сурия
Financial Times: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои ҷанги тӯлонимуддат”

Матолиби пурбоздид