Эҳтимоли нобудии Украина, дар сурати ҳамлаи ғарб ба Русия

Эҳтимоли нобудии Украина, дар сурати ҳамлаи ғарб ба Русия

Ахбори байналмилал

Як афсари иттилоотии амрикоӣ ҳушдор додааст, дар сурате ки кишварҳои ғарбӣ ҷанги воқеиро алайҳи Русия оғоз кунанд, Украина аз рӯи замин нобуд хоҳад шуд.

Эскот Рейтер – аз афсарони иттилоотии собиқи Амрико, дар суханронии худ ҳушдор додааст, дар сурате ки Украина дар канори НАТО дар паи оғози ҷанги воқеӣ алайҳи Русия бошад, ин кишвар (Украина) аз рӯи замин маҳв хоҳад шуд.

Вай дар идомаи суханрониаш гуфтааст:

Дар сурате ки ғарб фикри анҷоми ҳамлаи воқеӣ алайҳи Русия бошад, Киев, Лвов ва дигар шаҳрҳои Украина маҳву нобуд хоҳанд шуд.

Рейтер пештар низ ба Олмон ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар бораи ирсоли мушакҳои дурбурд ба Украина, ҳушдор дода буд ва таъкид дошт, ирсоли чунин таҷҳизоте тавозуни қувво дар майдони набардро тағир хоҳад дод, балки боиси ташдиди даргириҳо ва шиддат ёфтани ҷанги Украина ва Русия хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Украина, Зеленский эълом кардааст, бо нахуствазири Ҳоланд, барои интиқоли 42 фарванд ҳавопаймои Эф-16 ба Киев, ба тавофуқ расидааст.

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад!
Масъули эронӣ: Исроил рӯ ба шикаст ва нобудист

Матолиби пурбоздид