Юриши пулиси Олмон ба манозили ҳомиёни Ҳамос дар Берлин

Юриши пулиси Олмон ба манозили ҳомиёни Ҳамос дар Берлин
Ахбори байналмилал
Вазорати дохилаи Олмон эълом кард, нерӯҳои амниятии ин кишвар иқдом ба бозрасии манозили ҳомиёни Ҳамос кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, пулиси Олмон рӯзи панҷшанбе ба манозили афроде, ки иддао карда “аъзо ва ҳомиёни Ҳамос ва як гурӯҳи дигари фаластинӣ” ҳастанд, юриш бардааст.
Ин хабаргузорӣ гузориш дод, раҳбарии ин амалиётро 500 нерӯи амниятии олмонӣ ба ӯҳда доштанд ва 13 нуқта дар Берлин мавриди бозрасӣ қарор гирифтааст.
Вазорати дохилаи Олмон гуфта, ки пулис иқдом ба забти гӯшиҳои ҳушманд, лаптоп ва навиштаҳои афроде, ки манзили онҳо мавриди бозрасӣ қарор гирифта кардааст.
Вазири дохилаи Олмон гуфта, ки кишвараш дар ҳоли иқдом алайҳи “исломгароҳои ифротӣ” аст.
Пулиси Олмон ҳафтаи гузашта ҳам ба чандин марказ, ки зермаҷмӯъаҳои як созмони исломӣ дар Ҳамбург ҳастанд, ба далели иртиботи эҳтимолии онҳо бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамла кардааст.
Давлати Олмон панҷшанбеи ҳафтаи гузашта эълом кард, пулис 54 нуқта дар саросари ин кишварро дар ростои таҳқиқот дар бораи “Маркази исломии Ҳамбург” ё IZH мавриди бозрасӣ қарор додааст.
Вазорати дохилаи Олмон муддаӣ шуда буд, IZH аз муддатҳо пеш таҳти расади Созмони иттилооти дохилии ин кишвар қарор доштааст.
Ин вазоратхона муддаӣ шуда фаъолиятҳои Маркази исломии Ҳамбург дар ростои тарвиҷи “мафоҳими инқилобӣ”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки нақзи қонуни асосии Олмон маҳсуб мешавад.
Масъулони олмонӣ илова бар ин, муддаӣ шуда буданд, ки ин марказ аз фаъолиятҳои гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки дар рӯзҳои гузашта даргири табодули оташ бо режими Исроил буда ҳимоят кардааст.
Олмон баъд аз Фаронса мизбони бештарин ҷамъияти мусалмонони сокин дар Урупост, аммо гузоришҳои мутаъаддид ҳокист, ки исломҳаросӣ дар ин кишвар ба мизони қобили таваҷҷӯҳе афзоиш доштааст.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оташбаси муваққат дар Ғазза
Одатҳо

Матолиби пурбоздид