Путин омодаи музокира бо Киев аст

Путин омодаи музокира бо Киев аст

Ахбори минтақа

Владимир Путин омодагии худ барои музокира бо Киевро эълом намудааст.

Дар гуфтугӯи телефонии Путин ва Эрдуғон, ки масоили муносибатҳои Русия ва Туркия, масоили энергетикӣ, вазъи Сурия ва ҷанги Русия ва Украина мавриди баҳсу гуфтугӯ буд, Путин эълом намудааст, ки барои музокира бо Киев омодагӣ дорад, аммо зикр намудааст, ки мақомоти Украина бояд дархостҳои Русияро дар назар бигиранд ва воқеиятҳои ҷадиди ҳудудӣ ва сарзаминиро бипазиранд.

Инчунин дар ин гуфтугӯ, Путин аз нақши харобиовари кишварҳои ғарбӣ, дар масъалаи Украина гуфтааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гуфтори уламо дар бораи Наҳҷулбалоға
Баргузории консерти хонандаи маъруфи тоҷик дар Исроил, ё оддисозии равобит

Матолиби пурбоздид