Як донишманди исроилӣ хостори ҳамлаи атомӣ ба Эрон шуд

Донишманди машҳури исроилӣ хостори ҳамлаи атомӣ ба Эрон шуд

Ахбори байналмилал

Arabi21

Муаррихи машҳури саҳюнист аз Телавив хост, то дар сурати лузум, бо таслеҳоти ғайри мутаораф (атомӣ), ба Эрон ҳамла ва таъсисоти ҳастаиро нобуд кунад.

Ба гузориши Arabi21, Банӣ Мурис, муаррихи саҳюнист дар мақолае дар рӯзномаи исроилии Ҳоаретс навишт: “Ба лутфи тавозуни нобаробари қудрат миёни Эрон ва Исроил, ҳеч лаҳзае беҳтар аз ин лаҳза барои ҳамлаи атомӣ ба Эрон вуҷуд надорад.”

Ӯ дар идомаи лаффозиҳои худ муддаӣ шуд: “Нобудии барномаи ҳастаии Эрон як вазифаи мавҷудиятӣ барои Исроил аст, зеро Теҳрон дар остонаи оғози ғанисозии урониюм дар сатҳи 90 дарсад аст ва маводди кофӣ барои тавлиди бомбро захира кардааст.”

Вай дар идома аз Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими ишғолгар, ба далели ҳаҷми посухи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Исроил, интиқод ва хотирнишон кард, ки Натонёҳу аз ҳар гуна вокуниши қавитар ва зидди ҳамлаи Эрон ва гурӯҳҳои ҳампаймони минтақаии он ҳарос дорад.

Arabi21

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иттиҳодияи Араб: “Дигар Ҳизбуллоҳро гурӯҳе теруристӣ наменомем”
Ҷалилӣ ё Пизишкиён раиси ҷумҳури баъдии Эрон хоҳанд буд

Матолиби пурбоздид