Макрон: Нобудии Ҳамос имконпазир нест

Макрон: “Нобудии Ҳамос имконпазир нест, талош барои нобудии Ҳамос яъне ҷанг 10 сол тӯл мекашад”
Ахбори байналмилал
Аljazeera
Раиси ҷумҳури Фаронса гуфт:
“Нобудии комили Ҳамос ба чӣ маъност? Оё касе фикр мекунад, ин имконпазир аст? Агар чунин аст, ҷанг 10 сол тӯл хоҳад кашид”.
Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ба Телавив ҳушдор дод, ки ҳадафи эъломшудаи Исроил барои нобудии комили Ҳамос метавонад ба ҷанги 10-сола мунҷар шавад.
Вай гуфт, барои аз саргирии оташбаси 7-рӯзаи Ҳамос-Исроил, ки ҷумъаи гузашта поён ёфт, талош мекунад.
Макрон дар конфронси матбуотӣ дар ҳошияи Конфронси обуҳавоӣ дар Дубайи Аморот гуфт:
“Нобудии комили Ҳамос ба чӣ маъност? Оё касе фикр мекунад, ин имконпазир аст? Агар чунин аст, ҷанг 10 сол тӯл хоҳад кашид”.
Ӯ аз Телавив хост, ҳадафи худро барои аз байн бурдани Ҳамос равшан кунад ва тавзеҳ диҳад.
Макрон ҳамзамон дар бораи як ҷанги бепоён ҳушдор дод.
Раиси ҷумҳури Фаронса ҳамчунин дар бораи ҳамла ба Ғазза гуфт:
“Муқобила бо теруризм ба маънии бомбборони ҳадафманд ва мустамар нест. Посух ба ҳамалоти Ҳамос, ба маънии аз байн бурдани кулли як минтақа ё бомбборони комили зерсохтҳои ғайринизомӣ нест”.
Аljazeera
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи исроилӣ: “7-октябр сабаби афзоиши таваҷҷӯҳи омрикоииҳо ба ислом шудааст”
Намояндаи Ҳамос: То замони барқарории оташбас, исроилии дигаре озод нахоҳад шуд!

Матолиби пурбоздид