Як фикри масеҳӣ

Фарҳанг

Як фикри масеҳӣ

Андешкадаи Қалам

“Баъзе афкор, ки дар миёни мо мусалмонон русух пайдо кардааст, агар решаи онҳоро дуруст биковем, мебинем, ки аз ҷойи дигар дар тӯли таърих дар миёни мо роиҷ шудааст, на аз мо. Бидуни шак шаҳватпарастӣ аз назари ислом бад аст, аз назари ақл ва мантиқ ҳам бад аст. Шаҳватпарастӣ ҳайвоният аст, инсоният нест. Инсони шаҳватпараст яъне як инсони соқитшуда дар ҳайвоният. Аммо оё ин бад-ин маънӣ аст, ки шаҳавот бад аст? Шаҳавот яъне ҳамин тамоюлоте, ки Худованд дар вуҷуди инсон қарор додааст, монанди майл ба хӯрдан, майл ба ошомидан, майл ба ҷамол ва зебоӣ ва муошират бо ҷинси мухолиф. Оё худи ин майлҳо бад ва зотан палид аст? Агар инчунин бошад, аввалин суол ин аст, ки бинобар ин хилқати инҳо хилқати як амри зишт ва палид ва хилқати амре аст, ки набояд халқ бишавад; оё ин тавр аст?

Иддае мегӯянд, Худо онҳоро халқ карда барои ин ки инсон онҳоро дар муқобили худаш бибинад, вале аслан коре ба ин корҳо надошта бошад, чун биззот бад аст. Ин “бад”-ро Худо халқ кардааст фақат барои имтиҳони инсон, вагарна дар ин ки бад аст, шакке нест. Агар инсон битавонад дар тамоми умр ба андозаи як кишмиш ҳам нахӯрад, чӣ беҳтар, вале чорае нест, аммо ҳар чи камтар беҳтар. Агар як мард битавонад дар тамоми умр бо ҳеч зане кучактарин тамосе надошта бошад, машрӯъ ё ғайримашрӯъ, чӣ беҳтар ва ҳамин тавр як зан; чун аз як бадӣ барои ҳамеша парҳез карда, зеро хӯрдану ошомидан ва хобидан ва амри ҷинсӣ ба ҳар ҳол бад ва ҳайвонӣ аст. Агар бишавад, ки аслан вуҷуд надошта бошад, чӣ беҳтар, он вақт инсон хеле муназзаҳ аст.

Оё ин ҳарф дуруст аст? На! Ғалат аст. Ин фикре аз дунёи масеҳӣ аст, ки каму беш ба миёни мусалмонҳо омада. (Албатта, ба дунёи масеҳӣ ҳам аз ҷойи дигар, аз Рум омада, яъне дар таълимоти худи ҳазрати Масеҳ (а) ин тавр нест.) Аз назари онҳо поктарини мардҳо ва поктарини занҳо он мардҳо ва занҳое ҳастанд, ки дар ҳамаи умр муҷаррад зистаанд, қиддисҳо аз миёни инҳо бояд интихоб шаванд. Поп бояд касе бошад, ки дар умраш занеро ламс накарда, ҳатто зани шаръӣ ва ҳалол. Кординолҳо ҳама аз ин қабил бояд бошанд. Иддае зан ва духтар барои муқаддас зиндагӣ кардан дар умри худ асосан шавҳар намекунанд. Мегӯянд, мо мехоҳем бо Худо издивоҷ карда бошем. (Мақсудашон аз Худо ҳамон Масеҳ аст.)

Ин мантиқан ғалат аст. Пас чӣ бад аст? Шаҳватпарастӣ бад аст. Агар инсон фақат худаш бошад ва шаҳват, маънояш ин аст, ки дар ҳадди ҳайвоният боқӣ монда, вале ту инсонӣ; инсон набот ҳаст, ҳайвон ҳам ҳаст ва чизи болотар ҳам ҳаст. Инсон бояд анвои фазилатҳоро дошта бошад, ки дар ҳайвон ин гуна фазилатҳо аслан маънӣ надорад; фазилати илм, фазилати шуҷоат, фазилати ифоф, фазилати адолат, фазилати тақво, фазилати ибодат, ҳаққпарастӣ, Худопарастӣ. Инсон бояд Худопараст ва ҳақпараст бошад. Парастиш инҳисоран аз они Худост. Шаҳвати инсон дар ҳадде, ки монеъи инсонияти инсон бишавад, бад аст, чун ҷилави роҳашро гирифта, вале дар ҳадде, ки монеъ нашавад ё ҳатто аҳёнан кӯмак ҳам бошад, на танҳо бад нест, хеле ҳам хуб аст.

Ин буд, ки Пайғамбари Акрам (с) ба шиддат бо баъзе аз асҳобаш, ки медид дар баъзе масоил ифрот мекунанд, мубориза кард, фармуд: “Раҳбоният аз дини ман нест, дини ман чунин дине нест.” Ва инҳост, ки мантиқи исломро як мантиқи маъқул ва қобили дифоъ мекунад. Шаҳватпарастӣ яъне дунболи шаҳват рафтан, ки мулозим бошад бо Худоро фаромӯш кардан. Ҳар чи ки сабаби фаромӯшии Худо ва масъулияти илоҳӣ бишавад, бад аст. Шаҳватпарастӣ яъне коре, ки сабаби аз байн рафтани ҳуқуқи дигарон бишавад, чун вақте инсон худашро вақфи шаҳавот кард, дигар ҳуқуқи дигаронро риоят намекунад.

Аммо агар инсон бихӯрад ва биёшомад, вале ин хӯрдану ошомидан на як лаҳза ӯро аз Худо ғофил кунад ва на сабаби кучактарин қусуре дар анҷоми вазоифи ахлоқӣ ва иҷтимоиаш бишавад, як зарра ҳам бад нест…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон)

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тромп: Қосим Сулаймонӣ садҳо ҳазор нерӯи амрикоиро кушт ва ман Қосим Сулаймониро куштам
Ҳадафгузории Ӯзбекистон ва Толибон барои расидан ба 5 миллиард доллар мубодилаи тиҷорӣ

Матолиби пурбоздид