«Як қадам ба пеш, ду қадам ба ақиб» – арзёбии маҷаллаи амрикоӣ аз рафтори Тромп

«Як қадам ба пеш, ду қадам ба ақиб» – арзёбии маҷаллаи амрикоӣ аз рафтори Тромп

Ахбори байналмилал

Маҷаллаи амрикоии The Atlantic дар таҳлиле рафтори сиёсии раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Доналд Тромпро бо ибораи «як қадам ба пеш, ду қадам ба ақиб» тавсиф кардааст.

Ба навиштаи ин маҷалла, Тромп дар масъалаҳое, ки худ онҳоро бисёр ҷиддӣ ва муҳим мешуморад, дар оғоз мавзеъгириҳои шадид ва радикал нишон медиҳад, аммо дар марҳилаҳои баъдӣ аз ин мавзеъҳо ақибнишинӣ мекунад ё онҳоро тағйир медиҳад.

Таҳлилгарони The Atlantic бар ин назаранд, ки чунин намунаи рафтор ҳам дар сиёсати дохилии Амрико ва ҳам дар сиёсати хориҷии Тромп, ба таври ошкор мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи онҳо, ин равиш аксаран бо эъломи тасмимҳои сахт оғоз ёфта, вале дар ниҳоят бо созиш, тағйири мавзеъ ё коҳиши шиддати амалҳо анҷом меёбад.

Ин арзёбӣ дар ҳоле ироа шудааст, ки сиёсатҳои Доналд Тромп ҳамеша баҳсҳои густардаеро дар дохил ва хориҷи Иёлоти Муттаҳида ба миён оварда, таваҷҷуҳи расонаҳо ва коршиносони байналмилалиро ҷалб мекунад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Норвеж: Агар Нетонёҳу ба кишвари мо биёяд, боздошт мешавад
Ибни Сино – ҳакими раҳнамо

Матолиби пурбоздид