Яман барои муқобила бо саҳюнистҳо утоқи амалиёт ташкил додааст
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Яман: “Барои муқобила бо саҳюнистҳо, чанд утоқи амалиёт ташкил шудааст”
Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман хабар дод, ки гурӯҳҳои муқовамат утоқи амалиётҳои муштараке ташкил додаанд, ки барои муқобила бо ҳар гуна ҳамоқати режими саҳюнистӣ дар хусуси юриши заминӣ ба Ғазза, фаъолият мекунад.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Маҳдӣ ал-Машшот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, шомгоҳи якшанбе (29 октябр) таъкид кард, ки ҷанг алайҳи миллати Фаластин, ҷанг алайҳи ислом аст ва Ғарб ва Омрико барои рехтани хуни мардуми ин кишвар, аз режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунанд.
Ал-Машшот зимни тамҷид аз иқдомоти Ҳизбуллоҳи Лубнон барои коҳиши фишори саҳюнистҳо ба Ғазза, гуфт: “Амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” тамоми он чизҳоеро, ки Исроил ва Омрико эҷод кардаанд аз байн хоҳад бурд. Аз ин рӯ дигар дар ҷаҳони араб, чизе ба номи Исроил вуҷуд нахоҳад дошт».
Вай, бо ишора ба ин ки чизе ба номи сарзаминҳои 1948 ва 1967 вуҷуд надорад, таъкид кард: “Утоқи амалиётҳои муштараке вуҷуд дорад, ки барои муқобала бо ҳар гуна ҳамоқати режими саҳюнистӣ дар хусуси юриши заминӣ ба Ғазза, фаъолият мекунад.”
Ин мақоми яманӣ бо таъкид бар ин ки таҳдидҳои Омрико барои ин аст, ки миллати Яман ба вазифаи худ дар қиболи миллати Фаластин амал накунад, тасреҳ кард: “Ба бародарони фаластинӣ мегӯям, ки ҳама бо шумо ҳастанд, аз миллатҳо гирифта то ҷунбишҳои муқовамат, то ин ки ин ҳамлаи ваҳшиёна шикаст бихӯрад.”
Аlmayadeen
Қаламонлайн