Шоири маҳбуби ҷаҳонӣ

Адаб

Шоири маҳбуби ҷаҳонӣ

Ҳусайни Илоҳии Қумшаӣ

Ба муносибати Рӯзи бузургдошти Саъдӣ

Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои мутааддиде аз “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ аз замони рунесонс ба баъд ба забонҳои мухталифи урупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адабии Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст.

Вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба забони лотин тарҷума шуд, яке аз кашишони масеҳӣ пас аз мутолиаи китоб чунин тасаввур карда буд, ки ин китоб мутааллиқ ба яке аз паёмбарони Бани Исроил аст, ки асараш тоза пайдо шудааст. Осори Саъдӣ дар Ғарб дар маҷмӯаи кутуби муқаддас ба табъ расида ва пайваста мавриди ситойиш ва манбаи илҳоми бузургони Мағрибзамин будааст.

Ҳенри Дэвид Суру, шоир ва нависандаи бузурги омрикоӣ низ аз ситойишгарони Саъдӣ буда ва ӯро дар канори Шекспир ва Донте ва Ҳумер ва дар шумори шоироне қарор додааст, ки суханонаш пайваста тозаву ботароват аст.

Ин қазоватҳо нишони дурустест аз ин ки аҳаммияти Саъдӣ чунон ки баъзе аз муҳаққиқони муосир гумон бурдаанд, танҳо ба забони фасеҳ ва сеҳри каломи ӯ нест, балки чунон ки худи Саъдӣ ишора карда, он забони ҷовидонӣ танҳо ниқобе аст бар чеҳраи шоҳиди зеборӯйе, ки мақсуд ва маҳбуби ӯст.

На суратест музахраф сурудаи Саъдӣ

Чунон ки бар дари гармоба мекунад наққош

Ки бурқае мурассаъ ба лаълу марворид

Фурӯ гузошта бар рӯйи шоҳиди ҷаммош.

(Баргирифта аз китоби “365 рӯз бо Саъдӣ” ба қалами Ҳусайни Илоҳии Қумшаӣ)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фақр динро аз байн мебарад!
Иброҳими Динонӣ: Агар ба андешаҳои Саъдӣ амал шавад…

Матолиби пурбоздид