Яҳё Синвор сегонаи Натонёҳу, Гантс ва Галлантро ба зону даровард

Таҳлили хабарӣ
Яҳё Синвор сегонаи Натонёҳу, Гантс ва Галлантро ба зону даровард
Таҳлил
Раъюл-явм
Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм”:
“Шояд ҳанӯз зуд бошад, ки дар бораи 50 рӯзи аввал аз ҳамлаи душмани саҳюнист ба Ғазза ва паёмадҳои он баҳс кунем, аммо он чи то кунун метавон гуфт ин аст, ки Яҳё Синвор, муҳандиси ин ҷанг, ба ҳамаи хостаҳои худ расид ва бо зиракии тамом амал кард.
Яҳё Синвор ва бозуи рости ӯ Муҳаммад Зайф, фармондеҳи низомии гурдонҳои Қассом, ин ҷангро ба хубӣ идора ва дӯсту душманро шигифтзада карданд ва дар муқобили сегонаи саҳюнист яъне Натонёҳу, Гонтс ва Галлант – ки бо зеҳнияти интиқомҷӯёна вориди амал шуда буданд – онҳоро мутаҳаммили хасоратҳои сангин дар буъди низомӣ, сиёсӣ ва диплумотик карданд, онҳо ба ҳеч кадом аз аҳдофе, ки барои он, ҷанг ба роҳ андохтанд, аз ҷумла нобудии Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои муқовамат пас аз 47 рӯз бомбборони ваҳшиёнаи ғайринизомиён, даст наёфтанд.
Қоъида ва усули низомӣ мегӯяд, ки меъёри пирӯзӣ дар ҷанг, теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо нест, балки марбут аст ба омодагии хуб барои он дар марҳилаи аввал, идораи он дар марҳилаи дуввум ва вуҷуди фармондеҳони муҳкам ва босалобат дар марҳилаи севвум. Шумори кушташудагони ветнамӣ 20 баробар бештар аз ҳамтоёни омрикоии онҳо дар ҷанги Ветнам буд, аммо дар ниҳоят ин ветнамиҳо буданд, ки пирӯз шуданд ва мавориди дигар дар таърих дар ин замина бисёр аст.
Он чи ҷанги кунунии Ғаззаро аз ҳамаи ҷангҳои арабии қаблии зидди ишғолгарон мутамойиз мекунад, дар раҳбарӣ ва фармондеҳии он аст. Мо ба таври мушаххас аз Фаластин сухан мегӯем, ки барои аввалин бори тайи даҳаҳост, ки раҳбарии бо вижагиҳои тамом дорад ва ӯ Яҳё Синвор аст, ки режими ишғолгар ва женеролҳои онро қабл аз сиёсатмадоронаш ва низ Ҷо Бойден ва женеролҳояшро ба ҳайрат овард.
Яке аз вижагиҳои боризи Синвор, тавони тасмимгирии боло ва иҷроии ҷангӣ пас аз омодагии матлуби низомӣ ва иттилоотӣ дар канори унсури ғофилгирӣ аст.
Он гуна ки яке аз манобеъи бисёр наздик ба фармондеҳии гурдонҳои Қассом ба мо гуфт: ҳатто раҳбарии хориҷии Ҳамос дар ҷараёни ҳамлаи 7-уми октябр набуданд ва омодагӣ барои ин амалиёт надоштанд.
Сад соли гузашта миллати Фаластин ба вижа аз замони “Эъломияи Белфор”, дар надоштани раҳбарии дурандеш буд, ки дирояти мудирият ва раҳбарӣ ва омодагии хуб ва адами ҳарос аз душман бо таваҷҷӯҳ ба тавони низомӣ ва ҳимояти байналмилалии он надоштанд.
Синвор ва Зайф ҳамононе ҳастанд, ки миллати Фаластин дар бурҳаи кунунӣ ба онҳо ниёз дорад ва пирӯзии нахусти онҳо дар рахна ба умқи душман, дар 5 ҷанги собиқи аслӣ ва фаръии арабӣ рух надодааст. Ин ду яъне Синвор ва Зайф ҳамаи он чиро ин режими ишғолгар бар асоси он устувор буд яъне шавкат, боздорандагӣ, амният, субот, бартарии низомӣ, ҳамсӯӣ ва ҳимояти байналмилалӣ аз режими саҳюнистиро бар бод доданд.
Тан додан ба шартҳои оташбас аз сӯйи Натонёҳу ва женеролҳояш, ба манзилаи ошкор шудани аввалин нишонаҳои шикаст ва тан додан ба шартҳои Синвор ва муовинаш ва ба расмият шинохтани онҳо ва ҷунбишашон пас аз таҳдид ба нобудии Ҳамос ва шумурдани он ба унвони ДОЪИШ ва Алқоъида аст. Натонёҳу ва женеролҳояш дар авҷи забунӣ ва зиллат, ба музокара тан доданд. Онҳо дар доми Синвор афтоданд. Раҳбарони ҷадиди миллати Фаластин зери замин ҳастанд ва савори мошинҳои лукс ва ҳавопаймоҳои ихтисосӣ нестанд.
Ҳамаи созмонҳои иттилоотии Исроил ва Омрико ва моҳвораҳои онҳо дар таъйини макони Синвор ва утоқи амалиёташ ва низ корхонаҳои мушакӣ ва паҳподии зеризаминии онҳо ноком монданд. Ишғолгарон то дирӯз мегуфтанд, ки утоқи амалиёти Синвор зери бемористони Шифо аст ва имрӯз эҳтимол медиҳанд, ки дар ҷануби Ғазза бошад. Ва ин авҷи сардаргумиро нишон медиҳад ва шояд ҳам омодаи ҷанги поксозии нажодии ҷадид мешаванд, ки товони сангине хоҳанд пардохт.
Мо наметавонем пешбинӣ кунем, ки пас аз поёни оташбаси муваққат, ҷанг аз сар гирифта хоҳад шуд ё оташбас тамдид мешавад, ҳарчанд ки эҳтимоли гузинаи дувумро медиҳем, аммо он чи муҳим аст, вуҷуди раҳбароне шуҷоъ аст, ки пойгоҳи мардумӣ доранд ва намоёнгари марҳилаи ҷадиде аз фарҳанги муқовамат аст. Далели нигаронии исроилиҳо ҳам ҳамин аст. Ба таври ҳатмӣ Синвор пас аз таҳмили шартҳояш шодмон аст. Замонаи авҷгирии муқовамат бо пуштибонии уммати арабӣ ва исломӣ фаро расидааст.”
Раъюл-явм
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сухане аз Гондӣ
Изҳороти сенатори австралиёӣ дар мавриди Фаластин

Матолиби пурбоздид