Ёир Лапид: “Бен-Гвир бо твитти яккалимаӣ Исроилро мазҳакаи дунё кард”

Ёир Лапид: “Бен-Гвир бо твитти яккалимаӣ Исроилро мазҳакаи дунё кард”

Ахбори байналмилал

Timesofisrael

Раҳбари опозисиюн дар порлумони режими Исроил баъд аз твитти вазири амнияти дохилии ин режим дар тавсифи ҳодисаи Исфаҳон, ба ӯ ҳамла кард ва хостори барканории ӯ шуд.

Ба гузориши расонаи исроилии Times of Israel, Ёир Лапид, раҳбари опозисиюн дар порлумони режими Исроил, субҳи имрӯз (ҷумъа, 19 апрел), ба твитти яккалимаии Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии ин режим вокуниш нишон дод ва гуфт, ки ин як калима, обрӯи байналмилалии Исроилро бурдааст.

Гуфтанист, вазири амнияти дохилии режими Исроил дар пайи интишори хабари сарнагунии 3 резпаранда дар Исфаҳон субҳи имрӯз дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) бо навиштани як калима дар тавсифи ин иқдом гуфт: “Масхара!”

Раҳбари опозисиюн дар порлумони Исроил ба дунболи ҷанҷолбрангез шудани ин калима ва мавриди масхара қарор гирифтани Исроил, дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи Х навишт:

“То кунун ҳеч вазире дар Шӯрои дифоъ ингуна ба амнияти Исроил, обрӯ ва ҷойгоҳи байналмилалии он осеб назада буд; он ҳам бо як калима! Бен-Гвир тавонист Исроилро ба масхара бигирад.”

Ёир Лапид изофа кард:

“Ҳар нахуствазири дигаре рӯйи кор буд, ӯро аз кобина ихроҷ мекард. Ҳатто вузарое, ки канори ӯ нишастаанд ва монанди гӯсфанд сукут кардаанд, масъул ҳастанд ва бахше аз шикасти ғайриқобили бахшиш дар ҳавзаи амният ҳастанд.”

Timesofisrael

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шабакаи исроилӣ аз забони Натонёҳу: “Ба дунболи ҷанг бо Эрон нестем!”
Вазири хориҷаи Омрико: “Дар ҳеч иқдоми таҳоҷумӣ алайҳи Эрон мушорикат накардаем”

Матолиби пурбоздид