Ғулҳои расонаӣ ва афкори умумӣ

Таҳлили хабарӣ

Ғулҳои расонаӣ ва афкори умумӣ

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

Ҳодисаҳои ду ҳафтаи ахир дар Сурия, ки ба сарнагунии Башшор Асад анҷомид, қатъи назар аз кистии ӯ ва чистии низомаш аммо ин масъаларо ба равшанӣ собит кард, ки ғулҳои расонаии вобаста ба султаи ғарб, чӣ нақши таъйинкунандае дар ҷиҳатбахшии афкори умумӣ ва шаклдиҳии он доштаанд! Ба ҳадде, ки агар ирода кунанд, метавонистаанд якшаба аз инсоне, ки то чанд лаҳза пеш озодихоҳаш медонистем, як ғули ваҳшатнок ва “шайтон” бисозанд ва аз инсоне, ки терурист ва одамкуш аст, озодихоҳ ва “фаришта”.

Ҳамчунин, нақши ин ғулҳои расонаӣ дар ба фаромӯшӣ супурдани як ҳодисаи талх ва халқу эҷоди як рухдоди дигар, то аввалӣ аз зеҳнҳо пок шавад ва дуввумӣ ҷойи онро бигирад, мисли равшании хуршед маълум гашт.

Зеҳни ҷаҳониён то ду ҳафта пеш машғули фоҷеаи ҷорӣ дар Ғазза буд – фоҷеае, ки башарият ҳатто дар ҷанги ҷаҳонии дуввум шоҳиди назири он набуд ва озодагони ҷаҳон аз ғарб то шарқи дунё барои мазлумияти фаластиниҳо ва маҳкумияти саҳюнистҳо фарёд мезаданд ва бисёре аз инсонҳои ҷаҳон гӯӣ тоза фаҳмиданд, ки мо дар қарни 21 ҳанӯз одамҳое доштаем, ки ҳудуди 80 сол аст таҳти ишғоли муште нажодпараст ва одамкуш қарор доштаанд. Маҳкумияти ин режими нажодпарасти кӯдаккуш ва ишғолгар аз сӯйи ҷаҳониён, ба ҷойе расид, ки Додгоҳи байналмилалии Лоҳа (Гаага) алайҳи раиси ин режим яъне Натонёҳу ва вазири ҷанги ӯ ба унвони ҷинояткорони ҷангӣ ҳукм содир кард; чизе, ки дар робита бо режими “Исроил” аз замони таъсисаш бесобиқа буд.

Ин ҳақиқат ба коми ҳомиён ва пуштибонҳои режими “Исроил” яъне Омрико ва султаи ғарб набуд. Аз ин рӯ, онҳо бо як барномаи бисёр ҳисобшуда ва ба дасти ҳампиёлаашон Урдуғон – ки худаш баҳсе ҷудогона аст ва сари фурсат роҷеъ ба ин шайтон менависам – ва кӯмаки мақомоти кунунии Укройн, Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ ва аъвону ансорашро, ки аз ақсо нуқоти олам гирдаш ҷамъ шудаанд таҳрик карданд, то ба Ҳалаб ва сипас Ҳамо ва Ҳимс ҳамла кунад ва дар яке ду рӯз Димишқро соқит ва низоми Башшор Асадро сарнагун созад.

Кор ба ин ҷо поён наёфт. Зеро барои аз зеҳнҳо пок шудани ҷиноятҳои режими “Исроил”, ҳанӯз коре муҳимтар вуҷуд дошт. Ва он, ваҳшатнок ҷилва додани Асад аст. Бинобар ин, ғулҳои расонаии султагарон якдафъа ёдашон афтод ба ин ки Асад зиндонҳое доштааст ва аз ин рӯ шурӯъ карданд ба “ошкор кардани” онҳо ва ин ки Ҳофиз ва Башшор Асад дар муддати 50-у чанд сол чӣ ҷиноятҳои ваҳшатноке муртакиб шуда будаанд, ба ҳадде, ки баъзе зиндониён аз шиддати шиканҷа ҳама чиз аз ёдашон фаромӯш шуда будааст ва ғайра аз ривоятҳои ғамангезе, ки дар ин чанд рӯзи ахир ҳикоят шуданд.

Албатта, дар садади табриа ва тавҷеҳи он ҷиноятҳо нестам, ҳаргиз ва абадан, балки ҳарфам дар бораи тамаркуз рӯйи як ҷиноят ва барҷаста кардани он бо шигирдҳо ва маҳоратҳои хоссе аст, ки вежаи расонаҳои ғарбӣ мебошад; расонаҳое, ки дар муддати яку ним соли фоҷеаи Ғазза кулӯх ба лабон гирифта буданд, вале чун бояд гузориш мекарданд – ки агар намекарданд, садоқаташон зери суол мерафт ва обрӯяшон мерехт – аз ин рӯ ба гунае гузориш мекарданд, ки ҷаллод бегуноҳ ва қурбонӣ муттаҳам ҷилва дода мешуд.

Вагарна, оё дар ҳеч кишвари дигаре зиндон нест?! Оё дар зиндон ба қавли дӯстон, “шукулод” пахш мекунанд?! Агар бар фарз алъон манфиъати соҳибони ғулҳои расонаӣ иқтизо кунад, ки низоми ҳоким дар Омрикоро сиёҳ ҷилва диҳанд (албатта ин як фарз аст, вагарна соҳибони ғулҳои расонаии ҷаҳон бештар худи султагарони Омрико ва саҳюнистҳо ҳастанд), ҳоло фарз кардем манфиъати асҳоби расона ҳаминро иқтизо кард ва онҳо даст ба кор шаванд ва бо такя бар асноду мадорик ва шаҳодати шуҳуди зинда, ба “ошкор кардан”-и воқеиятҳои талхи зиндонҳои Омрико – аз утоқҳои эъдом, ки маҳкумон ба эъдом ба василаи барқ эъдом мешаванд (ба истиснои яке ду аёлат, ки дар онҳо ин ҳукм бекор шудааст) то селлулҳои инфиродӣ, ки ба тарзи бисёр ваҳшатноке зиндониён дар онҳо шиканҷа мешаванд ва кушту кушторе, ки дар ин зиндонҳо ҷараён дорад – бипардозанд, дар ин сурат, оё медонед ҷаҳониён бо чӣ ваҳшат ва даҳшате рӯ ба рӯ хоҳанд шуд?!

Хулоса, ривоятҳо ва ҳикоятҳои имрӯзи ғулҳои расонаӣ аз шиддати ваҳшатнок будан ва қуруни вустоӣ будани зиндонҳои Башшор Асад ба ҳадде аст, ки фаромӯш шудани фоҷеаи Ғазза ва ҷиноятҳои Натонёҳу табиӣ аст. Зеро одамӣ чунон аст, ки вақте байни “баду бадтар” қарор мегирад, ҳамеша барои дафъи “бадтар”, “бад”-ро фаромӯш кардааст. Ин табиист. Ҳоло, ҳунари ғулҳои расонаии ғарб ва рӯзноманигорон ва хабарнигоронаш дар ин буд, ки ситамҳои Башшор Асадро тавре ҷилва диҳанд, ки “бадтар” аз ҷиноятҳои Натонёҳу дар Ғазза намоён шавад, ки бе шак дар ин кор муваффақ шуданд.

Ин аст воқеияти талх!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақоми амниятии Исроил: “Мо ҷиҳодиҳоро бар Эрон тарҷеҳ медиҳем”
Ҷулонӣ хостори халъи силоҳи гурӯҳҳои фаластинӣ шуд

Матолиби пурбоздид