Ғулҳои расонаӣ ва ҳикояти Чӯпони дурӯғгӯ

Таҳлили хабарӣ

Ғулҳои расонаӣ ва ҳикояти Чӯпони дурӯғгӯ

Ёддоши Сайидюнуси Истаравшанӣ

Эзоп, нависандаи машҳури юнонӣ (Юнони бостон) достоне дорад маъруф ба “Чӯпони дурӯғгӯ”, ки хулосааш ин аст:

Чӯпони ҷавоне гоҳ-гоҳ бесабаб фарёд мекард: “Гург омад! Гург омад!” Мардум барои наҷоти чӯпон ва гӯсфандон ба сӯй ӯ медавиданд, аммо чӯпон механдид. Мардум мефаҳмиданд, ки дурӯғ гуфтааст. Ҳар рӯз кораш ҳамин буд.

Аз қазо, рӯзе гурге ба галаи гӯсфандон ҳамла кард. Чӯпон фарёд кард ва кӯмак хост. Мардум гумон карданд, ки боз дурӯғ мегӯяд. Ҳар чи фарёд зад, ҳеч кас ба кӯмаки ӯ нарафт. Чӯпони дурӯғгӯ танҳо монд ва гург гӯсфандони ӯро дарид.

Ин хулосаи достони Эзоп аст.

Ғулҳои расонаӣ, ки одамҳо хабарҳо ва гузоришҳои онҳоро “ваҳйи мунзал” медонистанд, имрӯз вазъашон дуруст мисли ҳамин чӯпони дурӯғгӯ шудааст, ки пушти сари ҳам дар бораи Эрон дурӯғ мунташир мекунанд, албатта иддаи маъдуде аз зомбиҳое низ ҳастанд, ки медонанд ин ахбор дурӯғ аст, аммо исрор ва пойфишорӣ доранд ин дурӯғро такрор кунанд, бо онҳо коре надорам,

Шумо, рӯзноманигорони азиз фардо ва пас аз ин ҳаводис, вақте як хабари рост ҳам мунташир кунед, касе бовараш намешавад. Ҳолатон ба ин ҷоҳо расида, як бор аз берун ба худатон нигоҳ кунед!

Натонёҳу ва Тромп ва ин идораи аҳмақаш чанд сабоҳи дигар гӯрашонро гум мекунанд ва мераванд, он вақт шумо мемонед ва ин дурӯғҳоятон.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Луқмони Ҳаким ва корвониён
Ҳамла ба хонаи муовини Трамп дар иёлати Огайо

Матолиби пурбоздид