Қаҳрамони рӯз
Ёддошти Додоҷон Атовуллоев
Ҳазорон Тромпу Нотаняҳуи баччабозу баччакуш ба хоки пойи Оятуллоҳ Хоманаӣ баробар намешаванд. Ду сифлаву палид куҷову як марди рӯҳонӣ куҷо?!
Шаҳомат ва қудрати роҳбари Эрон то он дараҷа бузург буд, ки Амрикову Исроил ва ними зиёди Урупо барои маҳви ӯ солҳо омодагӣ диданд ва дирӯз номардона ба манзили ӯ шабехун заданд ва бомбаборон карданд.
Дунё дирӯз ба Шарқу Ғарб ҷудо шуд.
Агар бо амри Оятуллоҳ Хоманаӣ хонаводаи Тромпи малъун ва Нотаняҳуи наҷисро бомаборон мекарданд, чӣ ошӯбе бармехост?! Тасаввур мекунед?!
Дунё аз дирӯз дигар шуд.
Мушаххас кардани ранги он вақт мехоҳад.
Муқовимати дирӯза бар зидди абарқудратҳо нишон дод, ки Хоманаӣ чӣ Эроне бунёд кардааст!
Номи Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ мисли Ҳусайн дар таърих барои ҳамеша сабт шуд. Мазори ӯ зиёратгоҳи озодагон ва таслимнашудагон хоҳад гашт.
Итминон дорам чунин марг шояд орзуи охирини Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.
Марги зебо, марги орзуҳо, марги шаҳиди ҳақиқӣ! Марге беҳтар аз зиндагӣ!
Шаҳодат муборак, қаҳрамон!
Мо барои ту мегирйем, ту барои мо биханд!
Додоҷон Атовуллоев
Қаламонлайн













