Қолибоф ба амрикоиҳо: Ҳамаи гузинаҳо рӯи миз аст

Қолибоф ба амрикоиҳо: Ҳамаи гузинаҳо рӯи миз аст

Ахбори байналмилал

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, дар изҳороте хитоб ба мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид кард, ки Теҳрон ҳамаи гузинаҳоро дар баробари фишорҳо ва таҳдидҳо баррасӣ мекунад.

Вай гуфт: «Сареҳ ва қотеъона эълом медорем, ки ҳамаи гузинаҳо рӯи миз аст; ҳам диплумосии иззатмандона ва ҳам дифои пушаймонкунанда.»

Қолибоф афзуд, ки Эрон дар баробари ҳар гуна иқдоми душманона вокуниши мутаносиб нишон хоҳад дод, аммо дар айни замон роҳи гуфтугӯ ва роҳҳалҳои сиёсиро низ рад намекунад.

Ин мавзеъгирӣ дар шароите баён шуд, ки танишҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон дар бархе масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ идома дорад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ислом, имон ва эҳсон дар баёни Расули Акрам(с)
Ҳушдори генерали амрикоӣ: Набояд сарбозонро ба куштан дод

Матолиби пурбоздид