Ҳамалоти Исроил ба Ҷинин

Ҳамалоти Исроил ба Ҷинин

Ахбори байналмилал

Амалиёти низомии артиши режими “Исроил” дар Ҷинин вориди дуввумин рӯзи худ шудааст.
Ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии артиши “Исроил” ба Ҷинин бевақфа идома дорад.
Ба гузориши расонаҳо, Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки то ин лаҳза шумори шуҳадо ба 10 нафар расида ва шумори маҷрӯҳон низ аз 100 нафар фаротар рафта, ки ҳоли наздик ба 20 нафар аз онон вахим аст.
Муқовимати Фаластин дар баробари ишғолгарони исроилӣ истода ва ҳамчунон монеъ аз вуруди саҳюнистҳо ба маркази урдугоҳи Ҷинин мешавад. Саҳюнистҳо бо вуҷуди гузашти беш аз 40 соат аз амалиёт, ҳанӯз натавонистанд ба бахшҳои аслии урдугоҳи Ҷинин ворид шаванд.
Яке аз фармондеҳони гурдони Ҷинин дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира эълом кард, ки набард дар Ҷининро тибқи барномае, ки аз қабл омода шуда буд, пеш мебарем ва талафоти сангине ба душман ворид кардем.
Вай афзуд: “Талошҳои душман барои пешравӣ дар урдугоҳи Ҷининро ноком гузоштем ва мошинолоти низомии онро аз кор андохтем”.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бурҳони ҳидоят
Муносибатҳои дуҷонибаи Осиёи  Миёна ва Жопун; фурсатҳо ва таҳдидҳо

Матолиби пурбоздид