Қуввати Афранг аз илму фан аст…

Қуввати Афранг аз илму фан аст

Аллома Иқболи Лоҳурӣ

***
Шарқро аз худ барад тақлиди Ғарб,

Бояд ин ақвомро танқиди Ғарб.

Қуввати мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хатти лотинӣ аст.

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,

Монеи илму ҳунар аммома нест.

Илму фанро, эй ҷавони шӯху шанг,

Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.

***

Яке аз соҳибназарони исломӣ, (Муртазо Мутаҳҳарӣ) боре гуфта буд, шарқиён ба дунболи пешрафтҳои ғарб, нақбе (туннел) канданд, ки аз фозилоби ғарб берун омад…

Тақлиди кӯр-кӯрона аз ғарбиҳо дар ҳақиқат боис шудааст, то шарқиён ва мусалмонон худро фаромӯш кунанд ва мақҳур ва мабҳути пешрафтҳои зоҳирии ғарбиён шудаанд.

Дуруст аст, ки ғарб аз назари моддӣ, ба пешрафтҳои бисёр хубе ноил омадааст ва ин пешрафтҳои башарият ба ҳеч ваҷҳ, қобили инкор нест, аммо оё мо (шарқиён) дар пайдо кардани рамзу рози муваффақияти ғарб ба иштибоҳ нарафтаем?

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бо пешниҳоди Тоҷикистон; соли 2025 – “Соли ҳифозат аз пиряхҳо” эълом шуд
Дарси озодӣ аз Қуръон

Матолиби пурбоздид