Бо пешниҳоди Тоҷикистон; соли 2025 – “Соли ҳифозат аз пиряхҳо” эълом шуд

Соли 2025 – “Соли ҳифозат аз пиряхҳо” эълом шуд

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Рarstoday.com, Маҷмаи умумии СММ бо тасвиби қатъномае, соли 2025-ро ба унвони “Соли байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳо” эълом намудааст.

Ин ибтикор мутаалиқ ба Тоҷикистон буда ва дар ҳамин робита, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст:

“Мо хушҳолем, ки ибтикори мо, бо дарки масъулият аз ҳимояти комили ҷомеаи байналмилалӣ бархурдор шуд. Бидуни шак, пазириши ин қатънома, яъне панҷумин ибтикори Тоҷикистон, гувоҳи афзоиши беш аз пеши эътибори кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ аст”.

Дар таърихи 14 декабри соли 2022, Маҷмаи умумии СММ бо тасвиби қатъномаи вижаи худ – панҷумин ибтикори Тоҷикистон дар заминаи обро, ба иттифоқи оро, тасвиб намуд ва бар асоси ин қатънома соли 2025, ба унвони “Соли ҷаҳонии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ” номида шуд.
Аз ибтидои соли 2025 ба баъд, ҳамасола 21 март ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Пиряхҳои табиӣ дар тақвим ҷой пайдо хоҳад намуд.

Пешбинӣ шудааст, дар соли 2025, конфронси байналмилалӣ дар робита ба ин мавзӯъ, дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

СММ давлати Толибонро ба расмият нашинохтааст
Қуввати Афранг аз илму фан аст…

Матолиби пурбоздид