Ҳавопаймоҳо чӣ қадар сӯзишворӣ масраф мекунанд?

Фарҳанг

Ҳавопаймоҳо чӣ қадар сӯзишворӣ масраф мекунанд?

Бештар бидонем

Ҳавопаймоҳои реактивӣ аз бузургтарин масрафкунандагони сӯзишворӣ дар ҷаҳон ба шумор мераванд.

Масалан, Боинги 747 — яке аз ҳавопаймоҳои дурпарвоз — дар ҳар як сония то як галлон, яъне тақрибан 4 литр сӯзишворӣ масраф мекунад.

Ин рақамро каме васеътар тасаввур кунед:

Парвози 5-соата бо Боинги 747 тақрибан 18 000 галлон, муодили 75 000 литр сӯзишворӣ талаб мекунад.

Ин ҳавопаймои азим метавонад то 200 000 литр сӯзишвориро дар зарфҳои худ ҷой диҳад — ҳаҷме, ки барои чанд мошини боркаши калон кофӣ аст!

Ҷолиб он аст, ки танҳо хароҷоти сӯзишворӣ барои як парвоз аз Лондон то Ню-Йорк ба таври миёна 25 000 доллар-ро ташкил медиҳад.

Ин нишон медиҳад, ки чаро нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ҳамеша аз омилҳои бозори сӯзишворӣ сахт таъсир мепазирад.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Молики Telegram: Иттиҳодияи Урупо ба дунболи сонсури озодии баён аст
Ин ҷанг дар ҷаҳон бесобиқа будааст!

Матолиби пурбоздид