Ҳадду марз нигаҳ дорем
Ёддошти Сайиднуси Истравшанӣ
Яке ду ҷумла бо дӯстон дар ПМТ
Баъд аз истеъфо аз ПМТ, на як калима дар бораи чунии фаъолиятҳои Паймон гуфтаам ва на ҳарфе дар бораи аъзо ва ё раиси ПМТ, чун дигар вазифаам ин нест, дар ҷаласаи ахир ба қавли маъруф бо хушию хурсандӣ бо дӯстон худоҳофизии корӣ кардаам, на худоҳофизии дӯстӣ ва албатта орзуи комёбӣ барои фаъолияти Паймон.
Ин ки имрӯз дидам, баъзе дӯстон бо имо ва ишораҳои бисёр беҷо қаламашон ба сӯйи банда ишора шудааст – дар бораи расме, ки аз раиси ПМТ шуда – ин ишораҳо, ба Худо, бисёр ноҷо ва ғайримуаддабона буд. Фаҳми он тасвир, ки кори кист, имрӯз душвор нест, бо Ҳуши маснуӣ вақте шумо тасвире бидиҳед, корҳое мекунанд, ки одам дар ҳайрат мемонад!
Бинобар ин, аз шумо хоҳиш мешавад, ҳадду марзро риоя бифармоед, одами оқил аз ҳаддаш таҷовуз намекунад ва ба қавли маъруф, “пояшро дар кӯрпа беш аз андоза дароз намекунад”.
Бо эҳтиром, Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
qalamonline.net













