Ҳазрати Хадиҷа – ҳамсари бовафои Паёмбар(с)

Таърих

Ҳазрати Хадиҷа – ҳамсари бовафои Паёмбар(с)

Торихи ислом

Бахши аввал
Заҳабӣ дар бораи ҳазрати Хадиҷаи Кубро (р) – ҳамсари гиромии Паёмбари Акрам (с) менависад: “Маноқиб ва фазоили Хадиҷа бисёр аст. Ӯ аз ҷумлаи занони комил, оқил, пойбанд ба диёнат ва боиффату карим ва аз аҳли биҳишт буд. Паёмбар (с) ҳамеша ӯро мадҳу сано мекард ва аз дигар модарони мӯъминин бартар медонист”.

Ҳазрати Хадиҷаи Кубро, ки ба бонуи ду олам маъруф аст, 68 сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омадааст. Хонаводаи ҳазрати Хадиҷа аз хонаводаҳои бузург ва бошарофати араб буданд. Падари ӯ Хувайлид ибни Асади Қурайшӣ буд ва модараш Фотима духтари Зоид ибни Асам.

Ахлоқ ва рафтори Хадиҷа

Ҳазрати Хадиҷа дар фазилати ахлоқӣ бисёр маъруф буд, ки ба ин сабаб, дигар занони араб ба ӯ ҳасад меварзиданд. Ҳамин фазилатҳои ҳазрати Хадиҷа сабаб шуд, ки барои ҳамсарии Паёмбар (с) интихоб шавад. Тибқи ривоёт ҳазрати Хадиҷа (с) ёвари сиддиқи Паёмбар (с) буд.[1]

Он ҳазрат бонуе буд хирадманд, дурандеш ва шарофатманд ва аз назари насаб аз бартарин занони Қурайш буд.[2] Ӯ дар асари имтиёзоти ахлоқӣ ва иҷтимоии фаровоне, ки дошт, дар замони ҷоҳилият «Тоҳира»[3] ва «Сайидатул-Қурайш»[4] номида мешуд.

Заҳабӣ мегӯяд: “Маноқиб ва фазоили Хадиҷа бисёр аст. Ӯ аз ҷумлаи занони комил, оқил, пойбанд ба диёнат ва боиффату карим ва аз аҳли биҳишт буд. Паёмбар (с) ҳамеша ӯро мадҳу сано мекард ва аз дигар модарони мӯъминин бартар медонист”.[5]

Ҳазрати Хадиҷа (с) чунон мақоми болое дошт, ки Худованд ба он ҳазрат салом расондааст. Имом Муҳаммади Боқир (а) мефармояд: “Паёмбар (с) вақте ки аз Меъроҷ бармегашт, ба Ҷабраил (а) фармуд: “Оё ҳоҷате дорӣ? Ҷабраил (а) арз кард: “Хостаам ин аст, ки аз тарафи Худо ва ман ба Хадиҷа салом расонӣ.”

Издивоҷ бо Паёмбари Худо (с)

Баъд аз ин ки ҳазрати Хадиҷа аз мақомоти Паёмбар (с) бохабар шуд ва каромоти эшонро дид, бо он ҳазрат издивоҷ кард. Ба ривояти Ибни Аббос, ҳазрати Хадиҷа дар ҳангоми издивоҷ бо Паёмбар (с) 28 сола буд. Ҳангоми издивоҷи ҳазрати Хадиҷа (с) ва Паёмбар (с), ҳазрати Абӯтолиб ақди он ду бузургворро хонд.

Гӯё ӯ қаблан ду бор издивоҷ карда ва ҳамсаронаш даргузашта буданд[6] ва бузургони Қурайш ҳама алоқаманди издивоҷ бо ӯ буданд.[7] Мардони номдоре ҳамчун Утба ибни Абӯмуит, Абӯҷаҳл ва Абӯсуфён аз ӯ хостгорӣ карда буданд ва ӯ мувофиқат накарда буд.

Аз сӯи дигар, Хадиҷа бо Муҳаммад (с) хешованд буд ва насаби ҳар ду дар Қусай ба ҳам мерасид. Ӯ иттилооте аз ояндаи дурахшони Муҳаммад (с) дошт[8] ва алоқаманд ба издивоҷ бо ӯ буд. Хадиҷа ба Муҳаммад (с) пешниҳоди издивоҷ дод ва Муҳаммад (с) бо мувофиқати амакҳояш ин пешниҳодро пазируфт ва дар як ҷамъи хонаводагӣ издивоҷ сурат гирифт.[9] Бино бар қавли машҳур, дар ин ҳангом Хадиҷа чиҳил сол ва Муҳаммад (с) бисту панҷ сол син доштанд.[10] Хадиҷа нахустин зане буд, ки Муҳаммад (с) бо ӯ издивоҷ кард.[11]

Ҳазрати Хадиҷа аввалин зане буд, ки Ислом овард. Ӯ аввалин зане аст, ки намоз хонд. Ӯ инсони равшанбин ва дурандеш буд ва ба маънавиёт алоқа дошт, ва бо виқор ва мӯътақид ба ҳақ ва ҳақиқат буд. Ҳамин шарофат барои ӯ бас аст, ки ҳамсари Расули Худо (с) буд, ва ба кӯмаки моли ӯ Ислом густариш ёфт.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Бартарин занони аҳли биҳишт Хадиҷа бинти Хувайлид ва Фотима бинти Муҳаммад ва Марям бинти Имрон ва Осия бинти Музоҳим мебошанд.”

Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар вақт ки аз озори Қурайш нороҳат мешуданд, ҳазрати Хадиҷа он ҳазратро хушҳолу хурсанд мекард.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насби банери ҳимоят аз Фаластин дар Ландан
Нобудии мошинҳои зиреҳпӯши исроилӣ

Матолиби пурбоздид