Ҳамлаи баъдии Амрико ба куҷо хоҳад буд?
Таҳлиле аз Собири Анбарӣ, таҳлилгари аршади масоили Ховари Миёна дар Асри Эрон
Собит Аббосӣ, вазири дифои Ироқ имрӯз дар гуфтугӯе телевизиюнӣ эълом кард, ки Пит Хегсет, вазири ҷанги Омрико, аз анҷоми амалиёти низомии қарбулвуқӯи кишвараш дар минтақа хабар дода ва Бағдодро аз ҳар гуна дахолати гурӯҳҳои мусаллаҳи ироқӣ барҳазар доштааст.
Аббосӣ ҷузъиёти бештаре аз ин гуфтугӯи кӯтоҳ бо тарафи омрикоӣ баён накардааст. Чанд рӯз қабл ҳам вазири хориҷаи Омрико ҳушдори мушобеҳе ба Ироқ дода буд.
Бархе расонаҳои арабӣ аз ҷумлаи рӯзнома “Аш-шарқул-авсат” гузориш додаанд, ки Иёлоти Муттаҳида, ба Ироқ нисбат ба вокуниши эҳтимолии гурӯҳҳои мусаллаҳ ба амалиёти низомии Омрико дар минтақае наздик ба Ироқ дар рӯзҳои оянда ҳушдор додааст.
Аз ин рӯ, ба назар мерасад, ки хоки Ироқ дар қадами аввал ҳадафи аслӣ ва мустақими ин ҳамла набошад; ҳарчанд эҳтимоли ҳамалоте пароканда дар дохили Ироқ низ вуҷуд дорад.
Дар воқеъ, агар “ҳадафи аслӣ”-и ин амалиёт дар хоки Ироқ ва алайҳи “Ҳашдушшаъбӣ” бошад, шояд чандон ҳам мантиқӣ набошад ки Вошингтун пешопеш эълом кунад “мо ҳамла мекунем, аммо шумо вокуниш нишон надиҳед”, зеро ошкор аст, ки дар сурати ҳамла, ин гурӯҳҳо вокуниш диҳанд. Ба ҳамин иллат, эҳтимолан Омрико бо ин ҳушдор ба Ироқ, талош мекунад, ки монеи дахолати “Ҳашдуш-шаъбӣ” дар як даргирии ҷадид алайҳи тарафи дигаре дар минтақа шавад ва онро аз вуруд ба ин даргирӣ боздорад.
Бо ин ҳол, акнун пурсиш ин аст, ки Омрико қасд дорад ба кадом кишвар ё минтақа дар Ховари Миёна ҳамла кунад? Тайи рӯзҳои ахир, тамаркузи аслии Омрико ва Исроил бар Лубнон ва Ҳизбуллоҳ будааст. Аз ин рӯ бисёр эҳтимол дорад Исроил ва Омрико қасди анҷоми ҳамалоти ҳамоҳанг ва густарда алайҳи Ҳизбуллоҳро дошта бошанд.
Дар айни ҳол низ эҳтимоли ҳамла ба Эрон ҳанӯз вуҷуд дорад ва мунтафӣ нест ва чандон ҳам пойин нест.
Яке дигар аз аҳдофи эҳтимолӣ, метавонад Ансоруллоҳи Яман бошад; ҳарчанд ба назар мерасад Яман низ дар ин мақтаъ ҳадафи аслии ин ҳамлаи қарибулвуқӯъ набошад, вале чи басо ба унвони ҳадафи фаръӣ дар канори ҳадафи аслӣ мавриди ҳамла қарор гирад.
Воқеият ин аст, ки Омрико ва давлати Тромп бори дигар вориди бозии печидае аз фиреб ва ибҳом шудаанд. Дар ду ҳафтаи ахир дар сатҳи расонаӣ ва эъломӣ чунон сухан мегуфтанд ва мавзеъ мегирифтанд, ки ингор Венесуэла ба зудӣ ҳадафи ҳамла қарор мегирад ва ин эҳтимол ҷиддӣ аст, аммо ҳеч баид нест, ки ин тамаркуз бар Венесуэла дар буъди расонаӣ пӯшише барои тадоруки ҳамла ба нуқтае дигар аз ҷаҳон низ буда бошад.
Дар маҷмӯъ, ҳамон гуна, ки пештар дар ёддоште бо унвони “Ховари Миёна дар интизору ибҳом” ишора шуда буд, минтақа акнун обистани таҳаввулоти бузург ва тозае аст, ки метавонад муодилоти геополитикиро бори дигар дигаргун ва вориди марҳилаи ҷадиде аз даргирӣ кунад.
Ҳоло бояд дид, сафари панҷшанбеи гузаштаи Тахтравончӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон ба кишвари Уммон чӣ иртиботе бо таҳаррукоти низомии ояндаи Омрико дар минтақа дорад. Оё Омрико воқеан паёми омодагии аз саргирии музокира додааст? Муҳтавои ин паёми эҳтимолӣ чист? Ба фарзи сиҳҳат, оё дубора мутазаммини ҳушдор ва муҳлате аст? Ва оё мумкин аст боз навъе амалиёти фиреб бошад? Ё ин ки ҳадаф маҳори вокуниши Теҳрон дар сурати вуқӯи ҷанге дигар алайҳи Ҳизбуллоҳ аст?
Феълан бояд мунтазир монд ва дид, асосан амалиёте дар ояндаи наздик иттифоқ меафтад ва агар рух диҳад, ҷуғрофиёи он куҷост.
Асри Эрон
qalamonline.net
Қаламонлайн













