Ҳамлаи низомии Омрико ва Англис ба Яман
Ахбори байналмилал
Mehrnews
Шабакаи хабарии Алмасира гузориш дод, Омрико ва Ангилис ду бор минтақаи Раъси Исо дар ғарби Яманро ҳадафи ҳамла қарор доданд.
Ба гузориши хабаргузории меҳр, расонаҳои вобаста ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом карданд, Омрико ва Ангилис бо ҳамалоте пай дар пай устони Алҳадидаро ҳадаф қарор доданд.
Манобеъи амниятии яманӣ гузориш карданд, артиши Омрико ва Ангилис як пойгоҳи вобаста ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яманро дар устони Ҳадида ҳадаф қарор доданд.
Шабакаи Алмасира гузориш дод, Омрико ва Ангилис ду бор минтақаи Раъси Исо дар ғарби Яманро ҳадафи ҳамла қарор доданд.
Манбаъи амниятии мазкур таъкид кард, ҳамалоти Омрико Ансоруллоҳи Яманро аз ҳимоят аз мардуми Ғазза ва муқовамати Фаластин бознахоҳад дошт.
Артиши Омрико ва Ангилис ба баҳонаи ҳифозат аз амнияти киштиронӣ дар баҳри Сурх, борҳо мавозеъи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яманро ҳадаф қарор додаанд.
Mehrnews
Қаламонлайн