Associated Press: “Ҳамос пешниҳоди Исроил барои оташбаси 2-моҳа дар муқобили озодии асиронро рад кард”
Ахбори байналмилал
Хабаргузории Associated Press, ба нақл аз як мақоми масъули мисрӣ навишт: “Исроил ба Ҳамос пешниҳоди оташбаси 2-моҳаро барои табодули асирон байни тарафайн матраҳ карда, аммо ин ҷунбиш бо он мухолифат кард.”
Бар асоси гуфтаи ин манбаъ, “ба мӯҷиби ин пешниҳод, ба Яҳё Синвор ва дигар раҳбарони аршади Ҳамос дар Ғазза низ иҷоза дода хоҳад шуд, ки аз Ғазза ба кишварҳои дигаре нақли макон кунанд.”
Ин мақоми масъул дар гуфтугӯ бо Associated Press гуфт: “Ҳамос ин пешниҳодро рад карда ва хостори оташбаси доим қабл аз озодии асирони исроилӣ шудааст; мавзӯе, ки сарони Исроил то кунун бо он мухолифат кардаанд.”
Вай идома дод: “Раҳбарони Ҳамос низ тарки Ғаззаро рад карда ва аз Исроил хостаанд, ки ба таври комил аз ин борика хориҷ шавад ва ба фаластиниҳо иҷозаи бозгашт ба сарзаминашонро бидиҳад.”
Ин мақоми масъули мисрӣ дар идома гуфт: “Миср ва Қатар, ки дар тавофуқоти қаблӣ байни Исроил ва Ҳамос миёнҷигарӣ карда буданд, дар ҳоли омодасозии як пешниҳоди чандмарҳилаӣ барои пур кардани шикофҳо ҳастанд. Ин пешниҳод, поёни ҷанг ва озодии асирон ва ироаи чашмандозе барои ҳалли даргирии Исроил ва Фаластин хоҳад буд.”
Associated Press
Қаламонлайн