Муҳоҷирати мутахассисон аз кишвар

Муҳоҷирати мутахассисон аз кишвар

Ахбори минтақа

Ба гузориши Азия Плюс, Анвар Бобоев – раиси собиқи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ва коршиноси масоили муҳоҷират гуфт: Хуруҷи мутахассисон аз Тоҷикистон ҳудуди 80 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон осеб ворид кардааст.
Вай илова бар дастмуздҳои бисёр поин, далоили аслии фирори мағзҳоро бекорӣ ва нотавонӣ дар ёфтани кори муносиб ё шуғли тавлидотӣ, ҳаҷми болои кор ва бархӯрди номуносиби корфармоён ва мудирон донист.
Бооев илова кард: Бар асари рафтани кормандону мутахассисон аз бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар имрӯз мушкили камбуди мутахассисони моҳир дар бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, аз соли 1991 то 2010, 266000 мутахассис дар риштаҳои мухталиф ба вижаи беҳдошт ва дармону омӯзиш ба кишварҳои дигар ва асосан, ба Русия муҳоҷират намудаанд. (Омор то соли 2010).

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амири Қатар вориди Душанбе шуд
Нақши ҷаҳонбинӣ дар зиндагии инсон – II

Матолиби пурбоздид