Ҳамос: “Ҷаҳон бояд посух диҳад”
Ҳамос: “Ҷаҳон бояд посух диҳад оё замони муҳокимаи режими саркаши Исроил фаро нарасидааст?”
Ахбори байналмилал
Shafaqna
Усома Ҳамдон, аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос, бо баёни ин ки мо дар талош барои поён додан ба ҷанги хасмона алайҳи мардумамон ва ворид кардани кӯмакҳо ба Ғазза ҳастем, гуфт: “Ҳамос дидгоҳи худ дар хусуси парвандаи табодули асиронро ироа карда ва аз худ нармиши зиёде нишон додем.”
Ба гузориши Shafaqna ба нақл аз Алҷазира, Ҳамдон бо ишора ба ин ки мо раванди музокиротро аз тариқи бародарони миёнҷиамон дар Миср ва Қатар дунбол мекунем, изҳор дошт: “Ишғолгарон бояд ҳамла ба касоне, ки дар талош барои кӯмакрасонӣ ба мардум мо ҳастанд мутаваққиф кунанд. Посухи саҳюнистҳо ба пешниҳоди сулҳи мо манфӣ буд ва посухгӯи мутолаботи мардуми мо нест.”
Вай бо таъкид бар ин ки ишғолгарон бо ҳар даври музокирот бар ҳаҷми ҷиноёти худ меафзоянд, гуфт: “Натонёҳу ва давлати теруристи вай ва ҳомиёни он, масъулияти таълиқи талошҳо барои наҷоти тавофуқи табодули асиронро бар ӯҳда доранд.”
Ин узви аршади Ҳамос бо баёни ин ки тадовуми ҳамалоти саҳюнистҳо ба бемористони Ашшифо, талоше барои сарпӯш гузоштан бар нокомии низомии онҳост, гуфт: “Ишғолгарон ба эъдоми беш аз 50 фаластинӣ дар дохили бемористони Ашшифо ва боздошти 200 нафар аз ҷумла рӯзноманигорон ва асҳоби расона эътироф карданд.”
Ҳамдон тасреҳ кард: “Ҷаҳон бояд ба ин суоли асосӣ посух диҳад, ки оё замони муҳокамаи ин режими саркаш фаро нарасидааст?”
Вай бо ҳушдор ба душмани нозӣ нисбат ба тадовуми ҷиноёт алайҳи навори Ғазза, изҳор дошт: “Амалиёти буздилонаи терури сарлашкар Мабҳуҳ дар бемористони Ашшифо, ҷинояти саҳюнистӣ барои мумонаъат аз вуруди кӯмакҳост, мо аз мавзеъи миллии хонаводаҳо ва ашоъири Ғазза, ки ҳамкорӣ бо тарҳҳои хабисонаи ишғолгаронро рад карданд, тақдир мекунем.”
Ин раҳбари Ҳамос бо баёни ин ки давлати Бойден масъули тадовуми кушторҳои артиши ишғолгар дар навори Ғазза бо силоҳ ва ҳимояти Омрикост, гуфт: “Омрико агар амалан дар таваққуфи куштори дастаҷамъӣ дар Ғазза ҷиддӣ аст, бояд ирсоли силоҳ ва ҷангафрӯзҳо ба ишғолгаронро мутаваққиф кунад.”
Ҳамдон бо таъкид бар ин ки ҳеч ҷойгузине барои бозгушоии гузаргоҳҳои марзӣ, поён додан ба муҳосира ва вуруди корвони кӯмакҳо ба ҳамаи манотиқи Ғазза вуҷуд надорад, тасреҳ кард: “Ишғолгарон масъулияти ҳамла ба ин корвонҳо ва дар раъси он, UNRWA-ро бар ӯҳда доранд.”
Ин раҳбари Ҳамос бо баёни ин ки иҷоза нахоҳем дод ишғолгарон шикасти низомии худро бо бозиҳои сиёсӣ ҷуброн кунанд, хоҳони тадовуми таҳаррукоти мардумӣ дар каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ барои ҳимоят аз Масҷидулақсо шуд ва изҳор дошт: “Девони Лоҳа (Гаага) бояд иқдомоти фаврӣ барои илзоми ишғолгарон дар хусуси ворид кардани кӯмакҳо ва таваққуфи қаҳтӣ иттихоз кунад.”
Вай дар поён аз нақши нерӯҳои мусаллаҳи Яман ва аносири муқовамат дар Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ироқ барои ёрии мардуми Фаластин қадрдонӣ кард.
Дар ҳамин робита, Вазорати беҳдошти Ғазза дар ҷадидтарин омори худ эълом кард, дар натиҷаи ҳамалоти маргбор ва вайронгари артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз 7 октябр то ба имрӯз беш аз 31 ҳазору 923 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 74 ҳазору 96 нафар захмӣ шудаанд, ки ағлаби онҳо аз занон ва кӯдакон ҳастанд.
Shafaqna
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: