Ҳасуд худ ба ранҷ аст
Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ
Сарҳангзодаеро дар сарои Уғламиш(1) дидам, ки ақлу киёсате ва фаҳму фаросате зоидулвасф(2) дошт, ҳам аз аҳди хурдӣ осори бузургӣ дар носияи(3) ӯ пайдо.
Болои сараш зи ҳушмандӣ
Метофт ситораи буландӣ.
Филҷумла, мақбули назари султон омад, ки ҷамоли сурат ва камоли маънӣ дошт ва хирадмандон гуфтаанд: “Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол”. Абнои(4) ҷинси ӯ бар мансаби ӯ ҳасад бурданд ва ба хиёнате муттаҳам карданд ва дар куштани ӯ саъйи бефоида намуданд.
Душман чӣ занад, чу меҳрубон бошад дӯст
Малик пурсид, ки мӯҷиби хасмии(5) инон бар ҳаққи ту чист? Гуфт:
— Дар сояи давлати худовандӣ ҳамгинонро розӣ кардам, магар ҳасудро, ки розӣ намешавад, илло ба заволи неъмати ман ва иқболу давлати худованд.
Тавонам он ки наёзорам андаруни касе,
Ҳасудро чӣ кунам, к-ӯ зи худ ба ранҷ дар аст.(6)
Бимир, то бираҳӣ, эй ҳасуд, к-ин ранҷест,
Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст.
* * *
Шӯрбахтон ба орзу хоҳанд
Муқбилонро заволи неъмату ҷоҳ.
Гар набинад ба рӯз шаппара чашм,
Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?
Рост хоҳӣ, ҳазор чашми чунон
Кӯр беҳтар, ки офтоб сиёҳ.
* * *
(1) Уғламиш, номи подшоҳе аз Туркистон.
(2) Зоидулвасф: фавқи баён ва беш аз ҳад, бисёр зиёд.
(3) Носия: пешонӣ.
(4) Абно: фарзандон.
(5) Хасмӣ: хусумат ва душманӣ.
(6) Ба ранҷ дар будан: дар ранҷ будан, мавриди озору азият қарор гирифтан.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: