Ҳафт чизе, ки беҳтар аст махфӣ нигаҳ дошта шавад
Андешкадаи Қалам
Ҳакимон бар ин ақидаанд, ки хомӯшӣ дар баъзе маворид нишонаи хирад ва пухтагии инсон аст. На ҳар сухане, ки дар дил дорем, бояд ба забон ояд.
Дар поён ба ҳафт маврид ишора мешавад, ки беҳтар аст инсон онҳоро аз дигарон пинҳон дорад:
- Нақшаҳои бузурги худ
Аввалин чизе, ки доноён тавсия медиҳанд махфӣ нигаҳ дорем, нақшаҳои дурбинонаи мост. То замоне ки нақша амалӣ нашудааст, беҳтар аст дар бораи он кам ё умуман сухан нагӯем. Ҳар як идея, ҳатто беҳтарини он, нуқсон ва заъф дорад ва сухан гуфтан пеш аз вақт, метавонад сабаби аз байн рафтан ва амалӣ нагаштани он нақша ва барнома шавад. - Амалҳои хайр ва садақот
Дуввум, махфӣ нигаҳ доштани корҳои хайр ва нек аст.
Амали хайр дар ин дунё камёб аст ва маҳз ба ҳамин хотир бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кард. Худнамоӣ ва фахр аз корҳои нек метавонад баракати онро аз байн барад, зеро кибр некиҳоро нобуд месозад.
- Риёзат ва худсозӣ
Севвум, дар бораи риёзат ва маҳдудиятҳои шахсии худ зиёд сухан гуфтан лозим нест. Баъзан шахс чизҳоеро барои худ маҳдуд мекунад ё мамнӯъ мекунад, масалан маҳдудият дар ғизо хӯрдани худ, камхурӣ, хоб, ё муносибатҳои шахсӣ. Риёзати ҷисмонӣ танҳо дар сурате судманд аст, ки бо покии эҳсос ва оромии ботин ҳамроҳ бошад, на бо намоишкорӣ. - Шуҷоат ва қаҳрамонӣ
Чаҳорум, аз шуҷоат ва қаҳрамонии худ зиёд ҳарф задан лозим нест. Баъзе одамон бо озмоишҳои зоҳирӣ рӯ ба рӯ мешаванд, баъзеи дигар — бо озмоишҳои ботинӣ. Озмоишҳои зоҳирӣ дида мешаванду қадрдонӣ мегарданд, аммо пирӯзӣ бар душвориҳои дарунӣ аксаран ноаён мемонад. - Дониши маънавӣ
Панҷум, дониши маънавӣ аст. Ин гуна дониш сатҳҳои гуногун дорад ва бояд танҳо дар заминаи омодагии зеҳнӣ ва покии шуури инсон ифшо гардад. Яке аз иштибоҳоти маъмул ин аст, ки инсон мехоҳад дониши баланди худро пеш аз вақт ба дигарон расонад, ки ба ҷои фоида расонидан, метавонад боиси сардаргумӣ ё ҳатто тарси дигарон бишавад. - Низоъҳои оилавӣ ва зиндагии хонаводагӣ
Шашум, дар бораи ихтилофҳо ва муноқишаҳои хонаводагӣ ҳарф задан дуруст нест.
Қоидае ҳаст: ҳар қадар камтар мушкилоти оилавии худро ба дигарон нақл кунед, ҳамон қадар оилаатон мустаҳкамтар ва оромтар хоҳад буд. Ҷанҷолҳо аксаран раҳоӣ аз нерӯи манфии анбошташуда мебошанд, на фоҷиае барои намоиш.
- Суханони нописанд ва зиште, ки шунидаем
Ҳафтум, паҳн кардани суханони нописандест, ки аз дигарон шунидаем. Чунонки пойафзолро бо лой олуда кардан мумкин аст, шуур низ метавонад олуда гардад. Инсонеро, ки ҳар сухани зишти шунидаашро ба хона оварда нақл мекунад, метавон ба касе монанд кард, ки бо пойафзоли ифлос ба хона медарояд.
Хулоса
Хомӯшӣ ҳамеша заъф нест; дар бисёр мавридҳо он сипари хирад, ҳифзи баракат ва оромиши руҳ аст. На ҳар чизе, ки медонем ё дорем, бояд гуфта шавад. Хирад дар донистани замони сухан гуфтан ва замони хомӯш мондан аст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













