Раиси Ситоди кулли артиши Исроил: “Мо шикаст хӯрдем!”

Раиси Ситоди кулли артиши Исроил: “Мо шикаст хӯрдем!”

Ахбори байналмилал

Irna

Раиси Ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ дар номае саркушода, ба шикаст аз муқовамати Фаластин дар амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” эътироф кард.

Ба гузориши Ирно, рӯзномаи исроилии Jerusalem Post дар гузорише дар бораи Ҳертсӣ Ҳаливӣ, раиси Ситоди кулли артиши режими Исроил навишт, ки саҳюнистҳо Ҳаливиро ба хотири таҳмили бузургтарин шикасти низомии таърих ба ин режим ва ба унвони касе, ки натавонист шикастро ба пирӯзӣ табдил кунад, ба ёд хоҳанд овард.

Ҳаливӣ имрӯз дар номае саркушода хитоб ба тӯдаи саҳюнистҳо, ба шикаст аз муқовамати Фаластин дар “Тӯфон ал-Ақсо” эътироф кард.

Истеъфоҳо ва номаҳои узрхоҳии фармондеҳони артиши режими саҳюнистӣ дар ҳоле идома дорад, ки кобинаи ҷанги ин режим имрӯз баъд аз зуҳр барои баррасии охирин таҳаввулоти марбут ба оташбас ташкили ҷаласа дод.

Ба гузориш Ирно, пас аз истеъфои Аарон Ҳаливӣ, раиси бахши иттилооти низомии артиши режими саҳюнистӣ, интизор меравад Ҳертсӣ Ҳаливӣ, раиси Ситоди кулли артиш ва Ронин Бар, раиси Созмони амнияти дохилии ин режим (Шобок) низ ба Ҳаливӣ пайваста ва аз симати худ истеъфо диҳанд.

Пас аз истеъфои Ҳаливӣ, бисёре аз гузоришҳо ва таҳлилҳои расонаҳои режими саҳюнистӣ ҳокӣ аз он аст, ки шумори зиёде аз руасо ва фармондеҳони артиш ва дигар мақомоти ин режим аз симати худ истеъфо хоҳанд дод.

Иеҳудо Фукс, фармондеҳи минтақаи марказии артиш низ ба раиси Ситоди муштараки артиш иттилоъ дода, ки то августи соли ҷорӣ аз симати худ истеъфо медиҳад.

Irna

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Интиқоди намояндаи Кунгураи Омрико аз саркӯби донишҷӯён
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба пойгоҳи низомии Исроил

Матолиби пурбоздид