Ҳаёи Зулайхо

Адаб

Ҳаёи Зулайхо

Мактаби инсоният

Чун Зулайхо ба доми муҳаббати ҳазрати Юсуф (а) гирифтор гардид, ҳамеша дар таҳия ва хаёли висол буд ва ҳилаҳо ва найрангҳо ба кор мебурд. Ва чунон ки машҳур аст, ҳафт хона дар якдигар сохт ва ҳазрати Юсуф (а)-ро ба хонаи ҳафтумин бурд, дарҳоро баст ва аз он ҳазрат коми дил хост.

Исрор ва пойфишориро аз ҳад гузаронд.

Дар ҳусули он ҳарчӣ муболиға кард, ҳазрат аз иртикоби он амри шанеъ инкор фармуд.

Дар он хона буте буд, ки Зулайхо ӯро мепарасид. Дар вақти талаби мубошират, пардае ба сари он бут пӯшид.

Ҳазрат сабаби онро истифсор намуд.

Зулайхо гуфт: Ба ҷиҳати он ки бар ҳоли мо воқиф нашавад.

Ҳазрати Юсуф (а) фармуд: Ҳаргоҳ аз маъбуди худ, ки ҷамоде беш нест ва шуур бар ҳеч амре надорад, шарм мекунӣ, ман аз маъбуди худ, ки Парвардигори қаҳҳор ва ягона ва донои ҳар пинҳоне аст, шарм ва ҳаё накунам? Ва худро аз дасти Зулайхо кашид ва фирор намуд.

Манбаъ: “Достонҳое аз Худо”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғанимат шумор умр
Дастури халифа

Матолиби пурбоздид