Ҳақиқат

Ҳақиқат

Андешкадаи Қалам

Ҷумалоте ҳакимона аз Луқмон Бойматов

Ҳақиқат

Ҳар ки ҳақиқатро хор созад, шахсияти хешро ҳалок хоҳад кард, вале ҳар ки аз ҳақ дифоъ кунад, сaзовори подош хоҳад шуд.

Мусаббиби ҳамаи бадбахтиҳои ҷомеа ва миллат аҳли зиёст. Дар таърихи мо хиёнати зиёии мо беш аз садоқаташ аст.

Мардуми адолатхоҳ бар худ эҳсон менамояд, вале миллати ситамкаш бар ҷисму равони худ зулм мекунад.

Оби ҳалол ва нони ҳалолро на ҳар гулӯе сазовор аст, чаро ки ҳалол ҳаргиз ҳамрози ҳаром нест.

***

Сарвар

Тадбирҳои фосид маҳсули афкори фосидонанд, аммо рафтори неку писандида ҳосили пиндори покон аст.

Агар сарвари давлат бар мардуми худ буғз варзад, пояҳои давлаташ биларзад ва даҳони шарирон боз гардад.

Раҳбари оқил ҷомеаашро хушҳол менамояд, аммо сарвари ҷоҳил миллаташро таҳқир месозад.

Сарвари пастфитрат ҳаргиз бар мардуми озода мусаллат нашудааст.

Номи сарварони одил дар қалби инсонҳо гиромӣ хоҳад монд, аммо исми раҳбарони золим дар хотираи таърих хоҳад гандид.

Сарвари ҳаким мардуми худро сарфароз месозад, аммо раҳбари аҳмақ боиси сарафкандагии миллаташ мешавад.

Дар ҷое, ки раҳбарон мудаббир нестанд, мардум гирифтори ранҷу озоранд.

Сарварони беғайрат нумоди нотавонӣ, аммо ҳокимони ғаюр рамзи тавонгарии миллатанд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худро ислоҳ кунед
Лориҷонӣ: Моҷароҷӯиро Тромп оғоз кард

Матолиби пурбоздид