Намояндаи Украина эъломи оташбасро рад кард

Намояндаи Украина эъломи оташбасро рад кард

Ахбори байналмилал

Мушовири раиси ҷумҳури Украина, пешниҳоди эъломи оташбасро дар ин кишвар рад кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, Михаил Подоляк, мушовири раиси ҷумҳури Украина, зимни радди пешниҳоди эъломи оташбас дар ин кишвар, изҳор дошт: Эъломи оташбас ба маънои ҳаққи Русия барои боқӣ мондан дар манотиқи ишғолшуда хоҳад буд ва чунин чизе ғайри қобили қабул аст.

Вай афзуд, идеяи истиқрори нерӯҳои сулҳи ғарбӣ дар Украина, матлаби беарзише аст. Украина ҳақ дорад нерӯҳо ва таҷҳизотро ба ҳар сурате, ки зарурӣ медонад ба хоки худаш мунтақил кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия дар баёнияе дар вокуниш ба пешниҳоди Беларус барои оташбас дар Украина гуфт, Маскав ин пешниҳодро баррасӣ хоҳад кард, аммо оташбас дар ҳоли ҳозир, Русияро қодир ба дастёбӣ ба аҳдофи амалиёти низомии вижа дар Украина намекунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳдофи дарозмуддати Чин аз додани қарз ба кишварҳо чист?
Эътирофи Амрико аз нотавонии хеш дар баробари раёсати Русия бар Шӯрои амнияти СММ

Матолиби пурбоздид