Ҳизбуллоҳ: “Душмани саҳюнист ҳатто як сантиметр ҳам вориди хоки Лубнон нашудааст”

 

Ҳизбуллоҳ: “Душмани саҳюнист ҳатто як сантиметр ҳам вориди хоки Лубнон нашудааст”

Ахбори байналмилал

Узви Шӯрои сиёсии ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо ишора ба шикасти амалиётҳои нуфузи Исроил, таъкид кард, ки низомиёни ин режим муваффақ нашуданд ҳатто як сантиметр ҳам вориди хоки Лубнон шаванд.

Маҳмуд Қумотӣ, узви Шӯрои сиёсии ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, имрӯз (сешанбе) таъкид кард, ки низомиёни режими саҳюнистӣ муваффақ нашуданд ҳатто як сантиметр вориди сарзаминҳои Лубнон шаванд.

Қумотӣ дар гуфтугӯ бо телевизиони Алъарабии Қатар гуфт: “Низомиёни исроилӣ талафоти бисёре дар марзҳои Лубнон доштанд. Дар воқеъ ҳеч ҳамлае ба марзҳои мо сурат нагирифт; зеро душман қодир ба анҷоми ин кор нест.”

Ин мақоми Ҳизбуллоҳ идома дод: “Бо вуҷуди ин ки раҳбари худро аз даст додаем, сохтори мо ҳамчунон мустаҳкам аст. Фармондеҳони мо бисёр қудратманд ҳастанд ва сохтори ҷиҳодии мо низ ба ҳеч унвон мутазалзил нашудааст.”

Қумотӣ бо ишора ба ин ки гувоҳи қудрати Ҳизбуллоҳ, исобати мушакҳояш ба умқи 150 километрии Фаластини ишғолӣ аст, тасреҳ кард: “Ҳеч кас фикри инро намекунад, ки нерӯҳои мо ақибнишинӣ кунад. Мо барои ҳар эҳтимоле омода ҳастем; ҳарчанд душман дубор қасди нуфуз дошт, вале нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ин ҳамалотро дафъ карданд.”

Қумотӣ бо ишора ба ин ки таъйини дабири кулли ҷадид барои Ҳизбуллоҳ баста ба механизмҳое аст, ки шояд андаке замонбар бошад, тасреҳ кард: “Мо ба таҳқиқоти худ идома хоҳем дод, то ҳар гуна халали амниятиро – дар сурати вуҷуд – муртафаъ созем.”

Ин мақоми Ҳизбуллоҳ бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳомии Меҳвари Муқовамат боқӣ хоҳад монд.

Вай дар поён хотирнишон кард: “Ҷабҳаи Лубнон ба ҳеч унвон аз ҷабҳаи Ғазза ҷудо нахоҳад шуд.”

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Манобеи ибрӣ: Се пойгоҳи ҳавоии Исроил мавриди ҳадаф қарор гирифтанд
Амрико: Аз Исроил дифоъ хоҳем кард

Матолиби пурбоздид