Ҳизбуллоҳ: “Қатъан ҷинояти терури Ал-Орурӣ бидуни муҷозот намемонад”

Ҳизбуллоҳ: “Қатъан ҷинояти терури Ал-Орурӣ бидуни муҷозот намемонад”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба посухи қатъӣ ба терури шаҳид Ал-Орурӣ, таъкид кард, ки ин иқдом ҳомили паёмҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва таҳаввули хатарноке дар масири ҷанги Меҳвари Муқовамат бо душман аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба терури Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, таъкид кард, ки ҷинояти терури ин шаҳиди фаластинӣ, бепосух нахоҳад монд.

Ҳизбуллоҳ бо ишора ба ин ки терури ал-Орурӣ ва ҳамразмони шаҳидаш дар Бейрутро “таҷовузе хатарнок ба Лубнон ва ҳокимияти ин кишвар” медонад, таъкид кард, ин терур ҳомили паёмҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва таҳаввули хатарноке дар масири ҷанги Меҳвари Муқовамат бо душман аст.

Манобеъи хабарӣ шомгоҳи дирӯз (2 январ) аз вуқӯъи инфиҷор дар Зоҳияи Ҷанубии Бейрут хабар доданд. Хабаргузории расмии Лубнон гузориш дод, ки ин инфиҷор ношӣ аз ҳамлаи паҳподии режими саҳюнистӣ будааст.

Ба гузориши манобеъи лубнонӣ, паҳподи саҳюнистӣ як дафтари мутаъаллиқ ба Ҳамосро дар Алмушрифия ҳадаф қарор дод, ки дар пайи он се нафар шаҳид ва 11 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) бо интишори баёнияе, расман шаҳодати Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби раиси дафтари сиёсии ин ҷунбиш ва ду нафар аз фармондеҳони Қассомро дар ҷараёни ҳамлаи паҳподии саҳюнистҳо ба ҷануби Лубнон таъйид кард.

Шабакаи хабарии Алманор ба нақл аз Ҳизбуллоҳ гузориш дод, Ҳизбуллоҳ бори дигар таъкид дорад, ки ба аҳду паймони худ пойбанд аст, ангуштонаш рӯйи моша аст ва размандагонаш дар болотарин сатҳи омодагӣ қарор дорад.

Ҳизбуллоҳ бо ишора ба ин ки душман пас аз 90 рӯз ҷиноят ва куштор дар Ғазза ва ХонЮнус, ин бор ба сиёсати ҳазфи физикӣ ва терур рӯй овардааст, хотирнишон кард: “Ҷинояти имрӯз дар такмили ҷинояти терури Сайидразӣ Мусавӣ (аз мусташорони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар Сурия) аст.

Ин ҷунбиш дар поён тасреҳ кард, чунин ҷиноёте фақат боис хоҳад шуд, ки нерӯҳои муқовамат дар Фаластин, Яман, Сурия, Ироқ ва Эрон, имони бештаре ба ормонҳои худ пайдо кунанд ва бо қотеъияти бештар, ба масири муқовамат ва ҷиҳод идома диҳанд.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яке аз раҳбарони Ҳамос: Терури шаҳид Орурӣ бо посухи муносиби муқовамат мувоҷеҳ хоҳад шуд
Ҷиҳоди Исломии Фаластин: “Режими саҳюнистӣ товони терури Ал-Оруриро хоҳад дод”

Матолиби пурбоздид