Ҳикматнома
“Касе, ки миёни худ ва Худоро ислоҳ кунад, Худованд миёни ӯ ва мардумро ислоҳ хоҳад кард. Ва касе, ки умури охиратро ислоҳ кунад, Худо умури дунёи ӯро ислоҳ хоҳад кард. Ва касе, ки аз даруни ҷон воъизе дорад, Худоро бар ӯ ҳофизу ниҳабоне аст.”
(Имом Алӣ, Наҳҷулбалоға, ҳикмати 89)
Шарҳи кутоҳ: ҳамму ғамми ту фақат ризову хушнудии Худо бошад, на хушнудии халқ ва чун Худо аз ту хушнуд шуд — ба ин ки ба дастуроташ амал кардӣ ва аз чизҳое, ки наҳй фармуда худдорӣ намудӣ – он вақт Худо коре мекунад, ки мардум ҳам аз ту хушнуд хоҳанд шуд.
Дигар он ки: агар охирататро обод кардӣ, Худованд дунёятро низ обод хоҳад кард.
Ва севвум он ки: агар касе ба насиҳати дарунаш гӯш диҳад, Худо ӯро нигаҳ хоҳад дошт.
Қаламонлайн