Ҳикояти ду дӯст
Ду дӯсти қадимӣ дар ҳоли гузаштан аз биёбони гарме буданд. Дар ҳангоми сафар, ин ду дӯст, бар сари мавзӯи беаҳамияте бо ҳам баҳсу мунозира карданд ва кор ба ҷое расид, ки яке аз ҳамсафарон хишмгин шуд ва зарбаи маҳкаме ба сурати дӯсти худаш зад.
Дӯсташ, ки аз шиддати зарбаи ногаҳонӣ ҳайратзада шуда буд, бидуни он ки сухане бигӯяд, рӯи регҳои биёбон навишт: “Имрӯз беҳтарин дӯстам зарбаи маҳкаме ба суратам зад”.
Онҳо ба роҳи худ идома доданд. Ба дарёчае расиданд. Ду то дӯст бо ҳам тасмим гирифтанд, дар оби дарёча каме шино кунанд, то ҳам аз ҳарорату гармои биёбон халос шаванд ва ҳам рухдоди нороҳаткунандаро фаромӯш кунанд.
Ҳамчунон ки машғули шино буданд, ногаҳон ҳамон дӯсте, ки зарба хӯрда буд, эҳсос кард, гирифтори ботлоқ шудааст ва лои зери дарёча ӯро ба поён мекашад.
Ӯ ба доду фарёд кардан шурӯъ кард. Дӯсташ вайро бо ҳазор заҳмат наҷот дод.
Мард, ки худро аз марги ҳатмӣ наҷотёфта дид, фавран машғул шуд ва рӯи санги канори соҳил, ба заҳмат ин ҷумларо ҳак кард: “Имрӯз беҳтарин дӯстам маро аз марги ҳатмӣ наҷот дод!”
Дӯсташ ки ӯро наҷот дода буд, вақте ҳарорату талоши вайро барои ҳак кардани ин ҷумла дид, бо ҳайрат пурсид: Вақте туро задам, рӯи регҳои биёбон навиштӣ ва ҳоло ки туро наҷот додам, рӯи санг ҳак мекунӣ?
Мард посух дод: Вақте дӯстат туро озор медиҳад, онро рӯи реги биёбон бинавис то бо вазиши насими бахшиш, кинаҳо низ аз дили одамӣ пок шавад, вале агар, касе дар ҳаққи ту кори хубе анҷом дод, бояд онро дар санг ҳак кунӣ, то ҳеч чиз онро маҳв накунад ва ҳамеша худро мадюни лутфу меҳрубонии ӯ бидонӣ.
Қаламонлайн