Ҳимояти амири Қатар аз мардуми Фаластин
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Алҷазира, Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, дар бораи охирин таҳаввулоти Фаластин ва роҳҳои коҳиши таниш гуфтугӯ кард.
Дар ин гуфтугӯи телефонӣ амири Қатар ҳимояти тамомқадди худ аз Фаластинро эълом кард ва гуфт: “Мавзеи қотеи кишвари Қатар дар қиболи масъалаи Фаластин, ҳимоят аз ҳуқуқи машрӯи миллати бародари Фаластин аст”.
Оли Сонӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин таъкид кард, ки “мо таҷовузоти Исроил ба мардуми Фаластин, сарзаминҳо ва муқаддасотро маҳкум мекунем, ин иқдомоти дастёбӣ ба роҳи ҳалли одилона барои мавзӯъро тазъиф мекунад”.
Қаламонлайн