Ҳодисаи Карбало (11)

Таърих

Ҳодисаи Карбало (11)

 Шаҳодати Имом Ҳусайн

Табарӣ бо санад аз Ҳумайд ибни Муслим гӯяд: Бар тани Имом Ҳусайн ҷомае аз пашм буд, ӯ аммома дошт, ҳано зада буд. Ровӣ гӯяд: Шунидам, ки ӯ (Имом Ҳусайн) пеш аз он ки ба қатл бирасад, мегуфт – дар ҳоле, ки шуҷоъона меҷангид ва аз тирҳо, ки ба сӯяш партоб мешуданд, хештанро муҳофизат мекард ва бар сипоҳи душман ҳамла мекард – ӯ (Имом Ҳусайн) мегуфт:

أَعَلى قَتْلي تَحاثون، أَما وَاللّهِ لا تَقْتُلُونَ بَعْدي عَبْداً مِنْ عِبادِاللّهِ، اَللّهُ أَسْخَطُ عَلَيْكُمْ لِقَتْلِهِ مِنِّي؛ وَايْمُ اللّهِ إِنّي لاَرْجُوا أَنْ يُكْرِمَنِى اللّهَ بِهَوانِكُمْ، ثُمَّ يَنْتَقِمُ لي مِنْكُمْ مِنْ حَيْثُ لا تَشْعُرُونَ. أَما وَاللّهِ إن لو قَتَلْتُمُوني لقد اَلْقَى اللّهَ بَاْسَكُمْ بَيْنَكُمْ وَسَفَكَ دِمائَكُمْ ثُمَّ لا يَرْضى حَتّى يُضاعِفَ لَكُمُ الْعَذابَ الاْليمَ

“Оё бар куштани ман якдигарро тарғиб мекунед? Огоҳ бошед, ба Худо савганд, пас аз ман бандае аз бандагони Худоро намекушед, ки Худовандро беш аз куштани ман ба хашм оварад. Ба Худо савганд, ман умедворам Худованд маро бо хории шумо гиромӣ бидорад ва интиқоми маро аз он ҷо, ки гумон намебаред, аз шумо бигирад. Огоҳ бошед, ба Худо савганд, агар маро ба қатл бирасонед, Худованд шуморо гирифтори низоъ ва ҷанҷоле дар миёни худатон месозад ва хунатонро мерезад ва (ҳаргиз) аз шумо розӣ нагардад, то азоби сангин ва дардноке ба шумо бичашонад!”

(Табарӣ, 2/365-368)

Ровӣ гӯяд: Ӯ (Имом Ҳусайн) рӯзи дароз ба ҳамин минвол меҷангид. Сипоҳи душман метавонист ӯро ба қатл бирасонад, инро мехост, вале ҷуръат намекарданд, аз якдигар метарсиданд, (ки ба рехтани хуни Имом Ҳусайн муттаҳам мешаванд.)

Дар ин ҳангом Шимр бо тамоми овозаш фарёд кашид: Вой бар ҳоли шумо! Мунтазири чӣ чизе ҳастед?! Ӯро бикушед, модаратон дар азоятон биншинад!

Ровӣ гӯяд: Ин ҷо буд, ки аз тамоми ҷонибҳо ба ӯ (Имом Ҳусайн) ҳамла оварданд. Ба дасти чапи ӯ зарба ворид карданд. Шарики Тамимӣ буд, ки ин зарбатро ворид сохт. Ва ҳамчунин ба гардани Имом зад.

Дар ин асно буд, ки Синон ибни Анас бар ӯ (Имом Ҳусайн) ҳамла кард ва бо найзааш ӯро зад ва Имом Ҳусайн аз асп афтод. Сипас Синон ба Хулӣ ибни Язид гуфт: Сари Ҳусайнро аз гарданаш ҷудо бикун!

Хулӣ мехост ин корро бикунад, вале нотавонӣ бар ӯ чира гашт ва меларзид. Синон ба ӯ гуфт: Худо бозувони туро пора кунад, (чаро метарсӣ?!)

Сипас Синон аз аспаш пиёда шуд ва сари Имомро аз тан ҷудо кард ва ба дасти Хулӣ супурд.

(Ҳамон манбаъ)

Аз Имом Ҷаъфари Содиқ ривоят шуда, ки гӯяд: Замоне ки ҷасади мубораки Имом Ҳусайнро диданд, дар он 33 зарбаи найза ва 34 зарбаи шамшер дида мешуд.

Табарӣ нақл мекунад, сари мубораки Имом Ҳусайн болои найза қарор дода шуд ва сипоҳи душман ҳамаи муҳиммот ва либоси он ҳазратро ба унвони ғанимат бардоштанд (ва Табарӣ як ба як номи касонеро, ки либоси Имомро гирифтаанд, меномад) ва бо шаҳодати ӯ, тамоми наздикон ва хонаводааш пас аз он, ки асосҳояшон ба ғанимат гирифта шуд, асир гирифта шуда ва ба Шом фиристода шуданд.

(Ҳамон манбаъ)

Ба нақли Табарӣ, Синон ибни Анас пас аз он ки сари мубораки Имом Ҳусайнро аз тан ҷудо кард, ин раҷазро хонд:

أوقر رکابی فضة وذهبا

أنا قتلت الملک المحجبا

قتلت خیر الناس أما وأبا

وخیرهم إذ ینسبون نسبا

“Хӯрҷинамро бо нуқра ва тилло пур кун, ки ман подшоҳе бузургро куштам. Ман инсонеро куштам, ки аз назари модар ва падар беҳтарини инсонҳост ва ҳамчунин аз назари насаб беҳтарини онҳост.” (Ҳамон манбаъ, Ибни Касир низ дар Албидоя айнан нақл карда.)

Сипас, хонаводаи асири Имом Ҳусайн ба Шом пеши Язид бурда шуданд ва иттифоқоте дар он ҷо рух дод, ки достонаш ҷудост ва дар як фурсати муносиб онҳоро нақл мекунам.

Ин ҷо фақат ба нақли ҳамин миқдор басанда мекунам, ки вақте сари мубораки Имом Ҳусайн пеши Язид оварда шуд, Язид ба пайравӣ аз шоир Абдуллоҳ ибни Заъбарӣ, ки дар рӯзи Уҳуд шеър сурудааст, ин шеърро хонд, ки:

‎لَعِبَتْ هاشِمُ بِالْمُلْکِ فَلاَ

‎خَبَرٌ جاءَ وَ لاَ وَحْی نَزَلْ

‎لَیْتَ أَشْیاخِی بِبَدْر شَهِدوا

‎جَزَعَ الْخَزْرَج مِنْ وَقْعِ الاَسَلْ

‎لاََهَلُّوا وَاسْتَهَلُّوا فَرَحاً

‎وَ لَقالُوا یا یَزِیدُ لاَ تَشَلْ

‎فَجَزَیْناهُ بِبَدْر مَثَلا

‎وَ أَقَمْنا مِثْلَ بَدْر فَاعْتَدَلْ

‎لَسْتُ مِنْ خِنْدِف إِنْ لَمْ أَنْتَقِمْ

‎مِنْ بَنِی أَحْمَدَ ما کانَ فَعل

“Банӣ Ҳошим (ишора ба ҳазрати Муҳаммад (с)) бо мулку подшоҳӣ бозӣ кард. Вагарна, на хабаре ҳаст ва на ваҳйе нозил шуда. Кош падарони ман, ки дар Бадр кушта шуданд, медиданд, ки алъон ман чӣ кор мекунам! Кош ҷиғу фарёди хазраҷиҳоро медиданд! Ва он гоҳ ба ман мегуфтанд: Язид! Дастат дард накунад!, ва ҳама чиз баробар мешуд бо он чизе, ки дар набарди Бадр иттифоқ афтода. Ман аз Банӣ Умайя нестам агар интиқомамро аз Банӣ Аҳмад ва корҳое, ки карда нагирам.” (Ҳамон манбаъ.)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кишвардорӣ дар гуфтори Саъдӣ
Дониши андак беҳтар аз ибодати бисёр

Матолиби пурбоздид