Ҳозирҷавобии Хоҷа Насир

Таърих

Ҳозирҷавобии Хоҷа Насир

Дар “Қасас-ул-уламо” нақл шудааст, ки: вақте модари Ҳалокухони муғул аз дунё рафт, яке аз дарбориёнаш, ки нисбат ба Хоҷа Насир ҳасодат меварзид, ба Ҳалокухон, ки тоза мусалмон шуда буд гуфт:

— Дар қабр Накиру Мункар аз эътиқодот ва аъмоли одамиён суол мекунанд ва модари шумо бесавод аст ва аз ҷавоб додан оҷиз, хуб аст, ки Хоҷа Насируддини Тӯcиро дар қабр ҳамроҳи ӯ кунӣ, ки ба ҷойи модарат ҷавоби Накиру Мункарро бигӯяд.

Хоҷа Насир, ки ҳила ва тарфанди он дарбориро ёфта буд, фавран ба Ҳалокухон гуфт:

— Эшон рост мегӯяд, аммо суоли Накиру Мункар барои ҳама аст ва аз худи шумо ҳам суол мешавад. Хуб аст маро барои қабри худ нигаҳ доред ва ин дарбориро ҳамроҳи модари худ дар қабр кунед, то ба суолҳои модаратон ҷавоб гӯяд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таоми махсуси халифа
Ду ҷумлаи Наполеон дар бораи Қуръон

Матолиби пурбоздид