Устод Мӯъмин Қаноат ниёз ба муаррифии бузургворона доранд…

Таърих

Устод Мӯъмин Қаноат ниёз ба муаррифии бузургворона доранд…

Ҳафиз Раҳмон

(Талхиси навиштаҳои Ҳафиз Раҳмон дар мавриди Устод Мӯъмин Қаноат)

Шахсият ва осори ин устоди сухан ҳанӯз пурра омӯзиш нашудааст ва холигоҳ зиёд аст, ҳарчанд роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни каломи ҳунарии ӯ ҳамасола менависанд ва китобу мақолоти ҷудогона зиёд нашр мешавад.

Навгонии асосӣ дар қаноатшиносиро шоир ва муҳаққиқ Рустам Ваҳҳобзода эълом кард: аз бойгонии 90-солаи маҷаллаи “Садои Шарқ” анқариб ҳама тарҷумаҳои устод Қаноат дарёфт ва ба шакли китоби алоҳида нашр шуд. Бо вуҷуди машғулияти асосӣ, яъне шоирӣ, устод Қаноат ба тарҷумаи беҳтарин осори адибони дунё доиман таваҷҷуҳ карда, аз панҷоҳ шоири кишварҳои гуногуни олам намунаҳоро пешкаш кардаанд.

Агар қаноатшиносӣ ҳамчун як равияи мустақилли илми адабиёт расман таъсис ёбад, итминон дорам, ки барои ҷашни якасраи устод Қаноат беҳтарин ҳадя ва гуворотарин иқдом аз ҷониби муассисоти фарҳангии кишвар, хосса Иттиҳодияи нависандагон хоҳад буд. Аввалин шуда, ин равияро дар Донишгоҳи миллӣ бояд роҳандозӣ кард, аслан фарқе надорад, бигзор дар ҳар донишгоҳ бошад… Муҳим, натиҷаҳо бошанд…

Як андешаи дигаре, ки нагуфтанаш имкон надорад. Ҳоло осорхонаи устод Қаноатро дар зодгоҳаш – деҳи Курговади ноҳияи Дарвоз ташкил кардаанд. Хабар шудем, ки бо сарпарастиву ибтикори Шералӣ Кабир, яке аз вазирони ҳукумат, дар маркази Дарвоз иморати шукӯҳманде барои хотираи устод Қаноат бино шудааст, ки як қисми онро осорхонаи замонавӣ (бо василаҳои намоишӣ) ташкил мекунад. Иқдоми хуб, албатта.

Андеша дорам, ки бунёди чунин осорхона дар шаҳри Душанбе ниёзи бештар дорад: мушкиле нест, ки агар осорхонаи воқеӣ ин ҷо, дар пойтахт бошад, шакли намоишӣ ё ҳозиразамонаш дар зодгоҳаш. Осорхона бояд ҳамеша дар хидмати мардум бошад, макони таълиму тадрис ва тарбияти насли нав бошад… Ҳоло шояд аз ҳазор яке имкони сафар ба Дарвоз, барои дидани осорхонаи устод дошта бошад, дигарон чӣ?

Осорхона ва ҳазорҳо ҷилд китоби ҷамъовардаи устоди зиндаёд Соҳиб Табаров низ дар зодгоҳашон – ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст. Ҳолдоне гуфт, ки ба зиёрати ин макон ба ҷуз сокинони он маҳал (ва асосан хонандагони мактаб) аз пойтахт ва дигар манотиқ қариб касе намеояд… Агар ин осорхона ва китобхонаи бузург дар пойтахт мебуд, шояд вазъ дигаргуна мешуд, ба нафъи ҳаводорони илму фарҳанг мебуд…

Ин буд чанд мулоҳиза баъди иштирок дар маҳфили бузургдошти устод Муъмин Қаноат.

Рӯҳашон ҳамеша шод ва макони охираташон обод бошад!

ҲАФИЗ РАҲМОН

Талхис аз Қаламонлайн

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мафҳуми “инсон” дар афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ
Корбарони фазои маҷозӣ ва коршиносон: Мавзӯи боздоштҳои ахир дар Русия ба сурати ҷиддитар пайгирӣ шавад!

Матолиби пурбоздид